Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Тариқи тайёр кардани ин хокистар чунин аст: поя ва баргҳои онро қима карда, дар кӯзача, ки аз рӯяш гили бӯта молида бошанд, андохта, дар оташи танӯр гузоранд ва баъд аз як соат бароваранд. Баъди хунук шуданаш онро ос карда истеъмол намоянд.
Мизоҷи хокистари най дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд, душвории зоиданро осон мекунад. 0,5 грамм хокистари барги найро бо об биёшоманд, гиреҳи талхадонро мекушояд.
Хӯрдани хокистари най ба шуш зарар дорад — дар ин ҳолат сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.
- Пар
Яъне пари парандагон аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як навъ парро сӯхта бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Мӯи бисёр маҳин ва нарми бозро, ки қажак меноманд, ба ҷои мӯи харгӯш метавон истифода кард.
Чун бехи парҳои калони парандагонро, ки сафед ва миёнхолӣ аст, сӯхта, дар об шуста, хушк карда, бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд хуни биниро, ки бо ҳеҷ як даво банд нагашта бошад маън мекунад ва инчунин ба ҳамаи хунравиҳо аз дарун фоидаи бемисл дорад.
- Зоки сафед
Ин чизи сафеди монандӣ намаксанг аст. Зоки сафедро ба забони узбекӣ ачҷиктош (яъне санги турш) мегӯянд, дар ҳақиқат таъмаш турш аст ки аз конаш гирифта мешавад. Агар ягон матоъро ранг карданӣ бошанд, аввал дар об ин зокро ҳал карда, он матоъро дар ин маҳлул тар намуда ва хушконида баъд дар оби рангин андозанд, ҳамаи ҷояш баробар ва ҳамвор ранг мегирад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: аз 1,2 то 1,75 грамм зоки сафедро кӯфта, ду баробари ин наботи сафедро кӯфта — ҳар дуро даромехта, каф зада бихӯранд ва аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор