Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ташнагӣ меоварад. Давои ин зарарҳояш арпабодиён хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гулбаргҳои тару тозаи он дар як рӯз то 35 грамм, аз хушки он то 14 грамм ва аз оби он то 28 грамм аст.
Ба ҷои ин баробари вазнаш бунафша ва чорьяки вазни ин райҳони гӯши мушро истеъмол намоянд, раво мебошад.
-
Усораи гулбарги тару тозаи он, яъне оби гулбаргҳои онро дар офтоб хушк карда биёшоманд, ғафсни пилқҳои чашм, хун кай кардан, рутубат ва тарин барзнёди меъдаро нафъ дорад. Қабзият ва хушкии мизоҷи он аз ғунча, гул ва баргаш зиёдтар аст.
-
Мизоҷи донаҳои реза, ки дар миёни гули он дар сари торҳои борике мебошанд — инро ба тоҷикӣ заррагул меноманд, дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳафт грамми онро бо об биёшоманд, хун кай кардан, хунравиҳои гуногун ва исҳоли лонлоҷро хусусан, ки бо косабаргҳои гул якҷо соида бихӯранд, шифо мебахшад.
Агар ин заррагулҳоро занҳо аз таг бардоранд, бачадонро қувват мебахшад, обравию онро дафъ мекунад ва андоми шармро танг мегардонад.
Самари гулисурх, яъне тухми он чун тугма мебошад ва хислатҳои тиббнаш монанди тухми гулисурхи саҳрӣ ва мисли заррагулаш мебошад.
- Мизоҷи равғани гулисурх мураккабулқувват аст.
Тариқи тайёр кардани равғани гулисурх чунин аст. Шишаро то нима равғани нави кунҷид ё равғани зайтуни нав бирезанд. Он равғанро аз гулбаргҳои гулисурх пур кунанду ба офтоб гузоранд. Чанд рӯз дар офтоб истода ранги гул табдил ёбад, яъне ба равған гузарад, фишурда, гулро партоянду гули нав андозанд. Ҳамин тариқ то ҳафт маротиба гулро иваз намоянд ва охиронро ҳам фишурда партоянд — ин равғани монда равғани гулисурх ҳисоб меёбад. Ё ки баробари вазни равған он гулбаргҳои тарро ба яке аз он ду равған даромехта, дар оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки оби гул парида, равған боқӣ монад — инро равғани пухтаи гулисурх меноманд ва авваларо равғани хоми гулисурх мегӯянд.
Хислатҳои шифобахши он: ин равғанро батанҳоӣ бо сирко ва гулоб даромехта кам-кам ва бардавом ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор