Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сар бирезанд, дарди сарро шифо мебахшад, майнаро қавӣ мегардонад, беҳобиро дафъ мекунад, инчунин варамҳои пардаҳои мағзи сар ва варами худи майнаро таҳлил медиҳад. Низ ин равғанро бо сирко даромехта ба сар бимоланд, чунин фоидаро дорад.

Ин равғанро бо сирко ва гулоб дар шиша рехта, ҳар замон ҷумбонида, аз даҳани он бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад, бухорҳои дар майна ҷамъшударо пароканда месозад ва барои варамҳои пардаи мағзи сар ва даруни майна мувофиқ аст.

Равғани мазкурро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди инро таскин медиҳад, дарди сарро ҳам сокин мекунад ва хушкии ҳар дуи ин узвро дафъ менамояд. Агар инро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро дафъ мекунад ва ҷӯшиши даҳанро, ки сабабаш хӯрдан ё нӯшидани чизҳо бошад, шифо мебахшад.

Агар инро бихӯранд, моддаҳои часпаки зарарнокро бо исҳол аз узвҳои ботинӣ дафъ мекунад, исҳоли сафровиро мебандад, тафси меъдаро сокин менамояд; захми рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни онҳо ва дарди рӯдаҳоро шифо мебахшад; узвҳои баданро қавӣ мегардонад, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, исҳолро мебандад. Инчунин аз рӯ бимоланд ҳам, ҳамин навъ асар дорад.

Агар бо ин равған ҳукна кунанд, захми рӯдаҳо, харошида шудани сатҳи даруни онҳо ва дарди рӯдаҳоро, ки аз зарари чизҳои хӯрдашуда бошад, шифо мебахшад. Инро кам-кам ва бардавом бирезанд, исҳоли сафровиро мебандад ва моддаи часпакро бо исҳол дафъ мекунад.

Молидани ин равған ба решҳои чуқур гӯшт мерӯёнад, рутубатҳои захмҳо ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, моддаҳои раддӣ ва бадфиолро аз онҳо дафъ мегардонад, захми обиларо шифо мебахшад. Агар инро бо сафедаи тухми мурғ даромехта бимоланд, сӯхтагии оташ, захмҳои аз оҳак хӯрдагӣ пайдошударо шифо мебахшад; варами чашмро таҳлил медиҳад. Агар бо сирко сиришта бимоланд, барои ҳамаи захмҳо ва ҷӯшишҳои пӯст, ки аз гармӣ бошанд, дору мешавад.

Равғани гулисурхро бихӯранд, зарари оҳак, зарниҳ ва зарорих (шпанские мушка) хӯрдагонро дафъ мекунад. Ин равғанро бо сирко ва оби мӯрд даромехта бишоманд, арақ карданро манъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз равғани гулисурх дар

пешина
аз 702
навбатӣ