Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

обн онро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш гармӣ бошад, иллати бехушшавӣ, инчунин сустии дилро дафъ мекунад ва ба ҳамаи узвҳои дар боло зикрёфта қувват мебахшад, исҳолҳоеро, ки аз гармӣ бошанд, манъ мекунад, хусусан ғунчаи тунҷи он дар ин амал қавӣ мебошад. Ба қавле 35 грамм ғунчай тару тозаи он барои даҳ бегоҳ кифоя аст.

Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пардаҳои шикамро таҳлил медиҳад, рутубатҳои зиёдатии меъдаро хушк мекунад ва худи меъдаро қувват мебахшад.

Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, варами мақъадро таҳлил медиҳад. Агар ин гулбаргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Агар хушки онро кӯфта, занҳо дар андоми шарми худ бипошанд, обравии бачадонро ислоҳ мекунад ва бадбӯии онро низ дафъ гардонида, баъд онро хушбӯй мегардонад, инчунин ин узви онҳоро танг месозад. 10,5 грамм аз кӯфтаи ин бихӯранд, тафси таби дурӯздармиёнгирандаро таскин медиҳад.

Хушки онро кӯфта бипошанд, ҷӯшишҳои гуногунро дафъ мекунад, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, инчунин пухтани даҳанро ба ибро меоварад, захми обиларо бартараф мекунад ва донаҳои обиларо (нағзак)-ро хушк менамояд.

Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда меафтонад ва харошида шудани пӯстро шифо мебахшад, ба решҳои чуқур гӯшти тоза мерӯёнад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва узвҳои шикастаро ба ҳам мепайвандад.

Агар инро дар ҳаммом ба ҷои матлуб бимоланд, бадбӯии арақро дафъ мекунад.

Тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мекашад; сабӯсаки сарро дафъ месозад; агар ба зери бағал ва каши рон гузошта банданд, бадбӯии ин ҷоҳоро нест мегардонад, инчунин захм ва реши ин узвҳоро сиҳат мебахшад. Низ гулбаргҳои онро хушк карда, бо барги мӯрди хушккарда якҷо кӯфта бипошанд, арақ карданро манъ менамояд.

Вале хӯрдани гулбаргҳои гулисурх бохро зарар дорад,

пешина
аз 702
навбатӣ