Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
фармуд, ки он мардро наздаш ҳозир намоянд. Чунин карданд. Подшоҳ чеҳраи дилкаши ӯро дида ҳайрон шуд ва пурсид: чун кардӣ? Он мард ҳодисаро якяк нақл намуд. Шоҳ табибони худро фармуд, то ки он гиёҳро биёваранд ва озмун намуда, хислатҳои шифобахши онро муайян кунанд. Инак, хислатҳои чой кашф гардид.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Баъзеҳо мизоҷи инро сард медонанд. Ҳар ду ҷониб ҳам ба таври худ ҳақ аст. Зеро ҷойи кабуд дар мизоҷ сард ва хушк аст ва мизоҷи ҷойи сиёҳ гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: нӯшидани чойи сиёҳ қуввати бисёр мебахшад. Арвоҳро, яъне рӯхи ҳайвониро,
ки қуввате вобаста ба дил аст, рӯхи нафсониро, ки
қуввате вобаста ба феъли майна аст ва рӯхи табииро,
ки қуввате вобаста ба ҷигар аст — ҳар серо қавӣ мегардонад; меъдаро мустаҳкам менамояд, боҳро меафзояд; касеро, ки оруғаш боднок ё дуднок бошад, ба
ислоҳ меоварад, нишот мебахшад, моддаҳои балғамиро пароканда месозад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти
зарарнокро пазонида, рақиқ (суюқ) намуда, барои
дафъ шудан муҳайё мегардонад, арақ меоварад, пешобро меронад, ташнагиро таскин медиҳад. Агар чойи
кабуд бинӯшанд, дарди сари аз гармӣ содиршударо ва
агар чойи сиёҳ бинӯшанд, дарди сари аз хунукӣ ҳодисшударо таскин медиҳад, тафси меъдаро паст мекунад. Умуман нӯшидани чой хунро соф мегардонад,
ранги рӯйро неку месозад ва мадад мерасонад, ки давоҳои истеъмолгашта ба қаъри меъда ва ҷойҳои дури
бадан бирасанд, меъда ва мағзи сарро аз олоишҳо пок
мегардонад; барои дур кардани бӯи бади даҳан, бӯи
шароб, бӯи сир, бӯи пиёз ва ғайра давои хубест; барои иллати дилтапак (дилбозӣ) ва бемориҳои дигари
дил, пок намудани даруни рагҳои дил ва инчунин барои ҷило додани даруни дигар рагҳои бадан, ки хунгузар бошанд, даво мебошад; иллати ростнафасро ба
иборат меоварад (ростнафас — бемориест, ки гирифтораш сари худро боло дошта, нишаста ва рост истода
нафас гирифта метавонад, вале хоб карда нафас гирифта наметавонад); рӯҳро шод ва ғамро дур мекунад;
барои бемориҳои зардпарвин, сустии ҷигар, ки ба дасту поҳо ва пӯст варам меоварад, истиско (водянка), бемориҳои гуногуни аз гиреҳҳо ба судур омада, бавосир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор