Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

банд шудани пешоб, чакмезак ва сустии гурдаро, ки аз сардӣ бошад, камоли ёрӣ мерасонад.

Агар чойро дар камтар об ҷӯшонида гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил ва дарди бавосирро таскин медиҳад. Оберо, ки дар он чой ҷӯшонида шуда бошад, кам-кам ва бардавом бирезанд, арақ меоварад ва ба сар бирезанд, хоб меоварад.

Дар вақти нӯшидани чой аз он андак талхӣ ва тунҷӣ дарёфт мегардад. Барои дафъ кардани ин таъми ногувори он ё қанд (шакар), ё набот дар он меандозанд, ё шири ҷӯшонидашуда илова мекунанд, ки чойро набояд бе ширинӣ истеъмол намоянд.

Ҳеҷ вақт чойро ба дили наҳор наменӯшанд. Агар одамони гарммизоҷ бардавом чойи сиёҳро ба дили наҳор бинӯшанд, ба иллатҳои гарм гирифтор мекунад, вале агар одамони сардмизоҷ ба дили наҳор чойро бардавом бинӯшанд, дар онҳо бемориҳои сардмизоҷро ба амал меоварад.

Аммо касоне, ки дар меъдаашон ахлоти мурдори бадфиол ва часпак дошта бошанд ва аз онҳо дар худ гаронӣ эҳсос намоянд, оруғи бухорнок гардонанд ё бод пайдо шуда бошад, чойро ба дили наҳор нӯшидан албатта фоида дорад.

Чойро аз болои таом бинӯшанд, ҳазми онро метезонад.

Агар чойро бо решаи ревоҷ дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, моддаи сафро ва балғами часпакро ихроҷ мекунад.

Ба чой бунафша ё сунбул, решаи бепӯсти ширинбия, ё гули гулихайрӣ, ё бобуна, ё сано ҳамроҳ намуда, дар об ҷӯшонида, соф намуда, бо шакар ширин сохта ва камтар равғани гулисурх андохта, нимгарм бо он об ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳоро аз моддаҳои часпаки сардмизоҷ пок мегардонад. Он чӣ ин ҷо баён кардем, ин усули чойнӯшии аврупоиён аст.

Чойро дам карда бинӯшанд, хеле қувват мебахшад, боҳ ва меъдаро мустаҳкам мекунад ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад. Барои зиёдтар зоҳир кардани ин гуна хислатҳояш ин тавр таркиб месозанд: чойи навъи аъло, дорчинии кӯфтагӣ, ҳусят-ус-саълаби мисрӣ — аз ҳар як 1,75 грамм; асганди ногурӣ, кабобаи чинӣ — аз ҳар як 0,887 грамм — ҳамаро кӯфта, бехта, дар об ҷӯшонида, камтар анбари дуранг дар он ҳал карда, бо набот ширин гардонида, нимгарм менӯшанд. Агар ба

пешина
аз 702
навбатӣ