Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дури бадан шахшударо мегудозад, аз хунукӣ кафидани пӯстро шифо мебахшад; барои дарди буғумҳо, кулинҷи балғамӣ, яъне дарди рӯдаи ғафс аз зиёд гаштани балғам ва аз ахлоти часпак харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад.

Локнстари сирро бо асал хамир карда бимоланд, барои доғи пес ва доғи сафеди пӯст даво мебошад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, хуни дар таги пӯст хобидаро ислоҳ медиҳад ва кӯтури пӯстро шифо мебахшад.

Барг ва пояи онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, ҳайз ва пешоби бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) тифлро хориҷ месозад.

Сири хомро бо навшодир якҷо кӯфта, ба доғи пес ва доғи сафеди пӯст бимоланд, даво мебошад; агар бо зифт сиришта бимоланд, милкаки нохунро сиҳат мебахшад, инчунин дағалӣ ва каҷии нохунро ислоҳ мекунад.

Дар чанд ҷо қайд гардидааст, ки агар гирифтори иллати фолиҷ рӯзи аввал як дандона, рӯзи дуввум ду дандона, рӯзи саввум се дандона ва ҳамин тариқ рӯзе якдандонагӣ зиёд карда, дар рӯзи чилум чил дандона бихӯранд ва аз рӯзи чилу якум якдандонагӣ камкунон дар рӯзи ҳаштодум як дандона хӯрда, ба анҷом расонанд, аз бемории фолиҷ наҷот хоҳад ёфт ва ба давои дигар эҳтиёҷ нест.

  1. Чой

Шифодории чойро аввалин бор дар Хитой кашф карданд ва баъд ин растании аҷиб ба дигар мамлакатҳо паҳн гаштааст.

Инро бояд хотиррасон намоем, ки таърихи аввалини шинохтани чой аз мамлакати Хитой ибтидо ёфтааст. Подшоҳи мулки Хитой ба яке аз наздикони дарбори худ дарғазаб гашта, ӯро аз мулки худ бадарға менамояд. Бадарғашуда аз тай намудани дашту саҳроҳои бешумор бемор мегардад. Рӯзе ӯ дар миёни кӯҳсор гурусна монда, барои хӯрдани гиёҳе майл мекунад. Иттифоқан аз хӯрдани ин сиҳат меёбад, ранги баданаш нуронӣ мегардад ва худаш қувват мегирад. Баъд вай ба пойтахт баргашта, ҳодисаро ба яке аз наздикони шоҳ арз медорад. Подшоҳ аз ин воқиф гашта,

пешина
аз 702
навбатӣ