Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
як рӯз аз 1 то 2,5 грамм аст, аз сурхи он то як грамм ва аз навъи сиёҳи он то 0,6 грамм мебошад.
Оби ин гиёҳро бо асал даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Агар аз гиёҳи қисми сиёҳи он 15 грамм ҳар кас, ки бихӯрад, мекушад. Ва агар инро хӯрда бошанд, шаҳдоб нӯшида бакаррот қай кардан ё шири буз, ё шири ҳар, ё шири гов нӯшида қай фармоянду баъдан сир (чеснок) ва анҷир бихӯранд.
Аз тухми қисми сафеди ин гиёҳ равған ҳам мегиранд ба ин тариқ. Тухмашро кӯфта, бо оби гарм хамир карда, то каме хушк шудан дар офтоб мегузоранд. Баъд фишурда равғанашро меситонанд.
Ин равғанро бимоланд, решҳои сафровии сар, кӯтур ва хориши баданро дафъ мекунад. Агар инро ба даруни бинӣ бирезанд, дарди сари гармро шифо мебахшад, беҳобиро дафъ мекунад. Ва агар дар гӯш бичаконанд, дарди ин узвро таскин медиҳад. Агар латта ё пахтаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро ба ҳоли аслиаш меоварад.
Агар як миқдор аз тухми қисми сафеди он гиёҳ, нисф миқдори ин тухми коҳу, сеяки он тухми кӯкнор — ҳар серо якҷо кӯфта, аз ин равған бикашанд ва ин равған зидди ҳамаи навъҳои захр таръёк мешавад. Инро барои иллат, варами парда ва худи мағзи сар, молихулиё, васвос ва душвории нафас бихӯранд ё дар бинӣ кашанд, шифо мебахшад.
- Бунафша
Ин гиёҳест, ки баргҳояш гирдаки каме дарози нӯгдор. Аз миёни баргҳояш чанд поя мерӯяд ва дар сари ҳар як поя яктоӣ гули бунафш дорад. Дар тиб аксар гулаш ба кор меравад, ки кӯҳна шуда ва рангаш тағйир наёфта бошад.
Мизочаш дар дараҷаи якум хунук ва дар дараҷаи
дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд ва ба узвҳо бирезанд, ҳилти сафроро аз бадан, хусусан агар дар меъда ва рӯдаҳо банд
гашта бошад, хориҷ мекунад; инро бо оби ҷав ва олу
биёшоманд, ташнагиро мешиканад, фишори баланди
хунро паст мекунад; барои табҳои гарм, иллати дилтапак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор