Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
(дилбозӣ) ва беҳушшавӣ дору мешавад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоим ва сахтро таҳлил ва дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад. Оберо, ки дар он бунафша ҷӯшонида шуда бошад, ба сар бирезанд, саръи (припадкан) кӯдакон, назла ва зукомро қатъ менамояд. Агар ин обро бинӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина, дағалии ҳалқ, дарди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани хун дар ҳалқ ба амал омада бошад, варам ва дарди пардаҳои даруни сина ва инчунин варами шушро шифо мебах- шад; барои иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз, барома- дани мақъад (кӯтан), сӯзиши ҳичак, сӯзок, банд гаш- тани пешоб ва дарди гурда дармон мешавад.
Гули тарашро бӯй кунанд, хоб меоварад.
Ҳар рӯз аз 7 то 15 грамм хушкашро кӯфта бо оби хунук биёшоманд, исҳоли сафровиро дафъ мекунад. Кӯфтаи инро бо шираи гулканд даромехта бихӯранд, табҳои мураккабро шифо мебахшад.
Гули тару тозаш онро бихӯранд, бар зидди захр таръёк мебошад, хоб меоварад.
Гиёҳи бунафшаро якҷо бо бобуна ҷӯш дода, он об- ро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди сарро таскин медиҳад ва тафси онро дур месозад, инчунин барои сурфа ва хушкии майна дору мешавад ва агар рутубати бадан хушк гашта бошад, ба бадан рутубат мебахшад.
Гиёҳи бунафшаро хуб кӯфта, ба сар ва пешонӣ гу- зошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад ва агар аз рӯ ба меъда ва ҷигар гузошта банданд, бемориҳои ин узвҳоро, ки аз гармӣ бошанд, ба ибро меоварад; ба варамҳои гарм гузошта банданд, онҳоро таҳлил ме- диҳад; агар ба мақъад гузошта банданд, кафидан ва варами онро шифо медиҳад.
Аммо инро аз ҳад берун ба дарун истеъмол намо- янд, дилро суст мегардонад, андӯҳгин мекунад, меъда- ро вазнин менамояд, дилро беҷо (беҳузур) месозад, сӯзиши табҳои гармро ба амал меоварад. Ва агар аз ҳад зиёд бибӯянд, ба зуком гирифтор мекунад. Дар ин мавридҳо райҳони гӯши мушро кӯфта ё қима карда бихӯранд, зиёнашро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи ин дар як рӯз то 23 грамм аст. Агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯши- дан хоҳанд, 45 грамм ба об андозанд.
Огоҳ кунем, ки агар бунафшаро дар об ҷӯшониданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор