Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
0,6 грамм тухми инро бо асал бихӯранд, дарди ниқрисро басанда мегардонад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд ва онро бо майи мусаллас бихӯранд, пӯсидани устухонро шифо мебахшад. Агар инро пухта, бо зардаи тухми мурғ ва равғани чарбӣ сиришта бимоланд, дарди каши рон ва хояро таскин медиҳад ё агар инро бо орди боқило хамир сохта бимоланд, намегузорад, ки пистон ва хояҳо калон шаванд; вале агар бо асал хамир карда бимоланд, дарди хояро дафъ мекунад.
Баргашро дар латтаи тар печонида, дар зери оташ пухта, бо равған ё зардаи тухми мурғ даромехта гузошта банданд, дардҳои қисми поёни баданро таскин медиҳад.
Чун тухми ин растанӣ ва афюн, аз ҳар ду баробар гирифта, ба миқдори нахӯд кулӯла карда, як донаашро бихӯранд, хоби дуру дароз меоварад. Агар тухми инро ос карда, бо қатрон даромехта, аз он даруни сӯрохи дандони кирмхӯрдаро пур кунанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар тухми ин растаниро занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад ва рутубат аз он равон бошад, хушк мекунад.
Хоҳ баргашро ва хоҳ тухмашро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, барои дарди деринаи ҷигар даво мешавад.
Баргаш ё решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро басанда мекунад.
Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барои назла ва зукомҳо дору мешавад ва рехта шудани рутубатро ба сӯи чашм қатъ мекунад; агар нимгарм дар гӯш бичаконанд, дардҳои гуногуни гӯшро таскин медиҳад. Агар инро бинӯшанд, баданро қувват мебахшад, дарди сарро, ки кӯҳна бошад, таскин медиҳад.
Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд. Дарди луккосии буғумҳоро таскин медиҳад ва ирқулнасоро (радикулит) шифо мебахшад.
Вале агар синфи сиёҳ ва сурхи инро бихӯранд, иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сар, дарди гулӯ ва девонагиро ба амал меоварад; инчунин қисми сафедашро ҳам аз ҳад зиёд бинӯшоманд, заҳар дорад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, то ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз навъи сафеди он дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор