Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Вале хӯрдани ин дерҳазми ва барои одамони хунукмизоҷ зарарнок аст, боҳро қатъ мекунад. Дар ҳолати зиён карданаш чизҳои ҳазмоварро, ки мизоҷи гарм дошта бошанд, бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Аммо барои одамони гарммизоҷ фоидабахш аст, сурфа ва ташнагиро, ки аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад, хусусан ҷӯшонида, пухтани онро бо равғани бодоми ширин, оби анори ширин ва кашнизи тар ё хушк бихӯранд, фоидааш зудтар ва афзунтар зоҳир мегардад.
Агар обашро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз таъсири офтоб ба ҳам расида бошад, сиҳат мекунад. Мизоҷи тухмаш низ сард ва хушк аст.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои аз гармӣ ва гарммизоҷ даво мебошад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст, ки агар решаи инро бо об соида, ба иллати ришта бимоланд, нафъ мебахшад.
Хӯрдани ин гиёҳ ба гурда зарар дорад, дар ин ҳолат шакар бихӯранд, кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки ин то 15 грамм аст.
- Балут
Ин ду хел дарахт аст: якеаш шоҳбалут, ки ба забони тоҷикӣ кастона ва ба русӣ каштан меноманд. Самари ин гирдаки паҳн, ранги сурхи ҷигарӣ дорад, таъмаш ширин аст. Навъи дигараш фақат балут ном дорад, ки самараш ба вазни ҳамон шоҳбалут аст, вале ба андозаи санҷид дарозак, рангаш низ сурхи ҷигарӣ, таъмаш талхи моил ба тунчӣ мебошад. Инро, яъне дарахташро, ба русӣ дуб меноманд. Ҳар дуи навъи ин дарахт дар ҳамаи ноҳия ва минтақаҳои сарзамини давлати мо бисёр аст ва парвариш меёбад.
Мизоҷи самари шоҳбалут, яъне самари кастона, дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст, вале мизоҷи самари балут, ки дар тиб ҷуфти балут меноманд, талх ҳам аст, дар дараҷаи саввум хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро, яъне самарашро бихӯранд, дер ҳазм мешавад, дар хӯрокият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор