Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
вазнин аст, вале агар ҳазм ёбад, исҳолро мебандад, хун кай кардан ва хунравиҳоро манъ мекунад; барои беҷо (беҳузур) шудани дил ва тапидани дил (дилбозӣ), ки вобаста ба иллати сари меъда бошад, шифо мебахшад; харошида шудани сатҳи дарун ва захми рӯдаҳоро ба ибро меоварад; беихтиёр равон гаштани пешоб, чакмезак ва сӯзиши пешобро дафъ мекунад, пешобро меронад, исҳолро мебандад.
Агар онро кӯфта, занон аз таг бардоранд, рутубати бачадонро, ки бемаврид ва бисёр ҷорӣ шавад, ислоҳ медиҳад.
Агар инро кӯфта, бо равғани намакхӯрдаи худ хамир сохта гузошта банданд, варами каши ронро таҳлил медиҳад (ин варамро тоҷикони ҷануб бисмил ва хиёрак меноманд), инчунин варамҳои сард ва сахтро мегардонад.
Ин самарро сӯхта, кӯфта, гузошта банданд ё онро маҳин соида, бардавом бипошанд, пухтани (ҷӯшиши) даҳан ва решҳои давандаро бартараф мекунад.
Чун самари балутро кӯфта, бо ним вазни он мустако бо равғани зайтун хамир карда, якчанд рӯз бихӯранд, ба ғайри ихтиёр равон гаштани пешоб, ҳангоми хоб ба ҷоғаҳ шошидан ва ғайрииродӣ равон шудани оби маниро ислоҳ мекунад, яъне сиҳат мебахшад; нори форсӣ ном реши раддиро хушк мегардонад.
Самари балут ва кастонаро орд карда, аз он нон пухта бихӯранд, гаронӣ мебахшад, дарди сар меоварад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, ҳилти савдоро ба амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин (сиркоасал) ё қанд бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари балут ва кастона дар як рӯз аз 4,5 то 40 грамм аст, яъне истеъмол намудан аз ҷуфти балут 4,5 грамм ва аз кастона 40 грамм аст.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахти он сард ва хушк аст ва хушкии решаҳои борики он дар амали қатъ кардани рутубати бачадон аз қисмҳои дигари дарахташ афзунтар мебошад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро ба ҳам меоварад.
Ҳокистари чӯби онро бимоланд, дандонро пок ва сафед мегардонад ва агар ба решҳои хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад.
Оберо, ки аз сӯхтани чӯби он таровиш мекунад, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор