Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
даҳан бипошанд, дард ва пухтани (ҷӯшиши) даҳани кӯдаконро шифо мебахшад, инчунин барои ғайри кӯдакон ҳам дармон мешавад.
Чун 17,5 грамм тухмашро маҳин кӯфта, бо шакар ё бо гулоб бихӯранд, барои табҳои сахт, сурфаи гарм, тафси ҷигар, сӯзиши меъда ва рӯдаҳо нафъ дорад, инчунин дарунро мулоим мекунад.
Агар ба меъда ва сипурз зарар кунад, канд хӯрдан кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 17,5 грамм аст.
Агар тухмашро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бихӯранд, дарунро мебандад ва агар натафсонида бихӯранд, баръакс, дарунро мулоим мекунад.
- Матинҷ
Ин гиёҳ дар ҷойҳои судгорнокарда мерӯяд. Поя ва пушти барги як қисми ин сурх ва поя ва барги баъзеаш сабзи кабудтоб аст. Баргаш ба барги зардолу мемонад, вале каме майдатар аз он аст. Тухмаш монанди тухми бӯстонафрӯз (тоҷи хурӯс) мебошад. Ин гиёҳ хеле сертухм аст, бӯй ва таъмаш кам шамида мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, ба бадан об медавонад, ҳамчун ғизо камқувват; ҳарорати бегонаро хомӯш мекунад, моддаҳои солим дар бадан ҳосил менамояд. Агар инро бо оби анор ва равғани бодоми талх бипазанду бихӯранд, ташнагиро мешиканад ва сурфаи гармро дафъ мекунад.
Усораи онро, яъне оби гиёҳи тарашро дар офтоб ғафс гардонида, бо равғани гулисурх сиришта, ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз таъсири офтоб ҳодис гашта бошад, сиҳат мебахшад.
Гиёҳи инро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, барои иллати кӯтур, хориши бадан, варамҳои гарм ва озахҳо даво мешавад; инчунин захмҳои ботинӣ ва решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, шифо мебахшад.
Агар инро бихӯранд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро таскин медиҳад ва паст мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор