Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
пешобро меронад, гурда, ҳичак ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулсим мекунад, боҳро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалич ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва мураккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад, сӯзинши пешобро (сӯзокро) сиҳат мебахшад; шахшӯлӣ ва захми сӯрохи закарро, ки аз харошидани сангмайдаҳои фуроянда ба ҳам расида бошад, сиҳат мебахшад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.
Тухми харбузаро бо пӯсташ кӯфта гузошта банданд, пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо бағоят пок мекунад, доғи кунҷидакро бетаъхир дафъ мекунад.
Мегӯянд, ки хӯрдани тухми харбуза ба сипурз зарар дорад. Ин зарарро ошомидани асал ва бунафша ба силоҳ меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми харбуза дар як рӯз аз 7 то 17,5 грамм аст.
Пӯст ва тухми харбузаро якҷо кӯфта гузошта банданд, варами чашмеро, ки аз сармозадагӣ ва аз таъсири барф содир шуда бошад, сиҳат мекунад. Инчунин пешоб дар сӯрохи закар ях карда бошад, хусусан тухми онро ношуста бо риштаҳои тухмаш дар косаи пӯсташ гузошта хушк карда бошанд, кӯфта гузошта банданд, хуб аст.
- Тарбуз
Ин самар аз ҷиҳати ҳаҷм, ранг ва навъ гуногун аст, инчунин намуди гӯшт, ҳаҷми тухм ва сохти беруни тухмаш низ ҳар хел аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Беҳтарин тарбуз он аст, ки агар керд расад, бо садои хоси даридараванда, гӯшташ зудшикан ва расидаи шодоби он аст.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум сард ва дар охири он тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тарбуз шиддати сафро ва фишори баланди хунро таскин медиҳад ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, дар бадан хуни рақиқ (суюқ) пайдо мекунад ва балғами ширинро ба амал меоварад, барои бадан рутубат мебахшад; барои табҳои сӯзон ва сафровӣ, инчунин ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор