Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
шахсе, ки дар меъда ва ҷигари он сафро пайдо гардад ва он сафро дар кайфияти раддӣ ва миқдори зиёд бошад, бадани соҳибаш хушк ва лоғар бувад, тарбузро биҳӯрад, мизоҷи онро ислоҳ ва мӯътадил мегардонад.
Агар инро бо сиканҷабин биҳӯранд, барои зардпарвин ва дафъ кардани сафрои сӯхта, яъне сафрои мурдор даво мешавад; барои ҳазм кардани ғизо мадад мерасонад, пешобро меронад, санги гурдаро майда карда мерезонад; ва агар бо шакар биҳӯранд, мизоҷро башиддат хунук мегардонад, бо шир биҳӯранд, бемориҳои савдавиро, ки иборат аз серфикрӣ, тарс, васвос, тарсончакӣ, девонагӣ ва ғайраро дармон мешавад; бо хурмои ҳиндӣ биҳӯранд, моддаҳои сафровиро аз бадан дафъ менамояд, кӯтур ва хориши баданро ба ибро меоварад.
Беҳтарин вақтҳои тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фуромада бошад. Вале агар инро бар болои таом биҳӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯрдани ин хусусан ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад, зарар дорад.
Тарбузро одамоне, ки дар мизоҷашон сафро бисёр бошад, биҳӯранд, бинобар нозукӣ ва латофати таркибаш монандӣ оби каду бо ҳилти сафро табдил меёбад.
Хӯрдани тарбуз ба сипурз, ба касони сардмизоҷ ва ба меъдаи хунукмизоҷ зарар дорад. Ин зиёнашро бо хӯрдани асал ва гулканд ислоҳ метавон кард. Агар одамони хунукмизоҷ биҳӯранд, пушти камари онҳоро заиф мегардонад, дарди буғумҳо ва ғайраро пайдо мекунад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст, дар ҳама феълҳо монанди хусусиятҳои тухми каду мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми тарбуз дар як рӯз то 17,5 грамм аст ва барои резонидани санги гурда ва ҳичак, инчунин зуд гузаронидани ғизо аз меъда давои хубест.
Пӯсти тарбузро бо шакар ё бо асал мураббо карданӣ бошанд, бояд пӯсти тунуки берунашро гирифта партоянд. Мураббои ин барои дард ва варами пардаҳои девораҳои даруни сина, васвос, ки аз ҳар сабаб бошад, дарди узвҳои даруни сина ва сустии меъда, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор