Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аз рутубат таъмин мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд; барои иллатҳои истиско (водянка) ва зардпарвин фоида дорад, хусусан дар гармаки он ин хислат зиёдтар аст; инчунин шири занҳо, пешоб ва арақро равон мекунад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Ҳангоми хӯрдани ин дар бадан кадом хилт, ки бисёр бошад, ин ҳам ба ҳамон модда ҳамроҳ мегардад ва табдил меёбад. Ва агар дар одамоне, ки фишори хунашон баланд ва моддаи сафро дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди чашм пайдо мекунад, инчунин дар касони гарммизоҷ низ чунин аст. Агар инро бисёр ва бардавом бихӯранд, ҳар чӣ аз ахлоти мавҷуда дар меъда бар он бирасад, шуста мебарад, ҳоли бади гурдаро ислоҳ мекунад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, шикамро мулоим менамояд ва баъзан дарди сар ҳам медиҳад. Агар одамоне, ки ба хӯрдани ин одат накарда бошанд, аз болои таом дарҳол харбуза хӯранд, зуд дарунро меронад; агар инро ба дили наҳор бихӯранд, ба табҳои гарм гирифтор мекунад. Агар бо ғизоҳои вазнин, масалан, бо панир бихӯранд, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Беҳтарин вақти тановули он мобайни ду таом аст, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фуромада бошад. Ва агар ин зарар кунад, сирко бинӯшанд, зиёнашро барҳам медиҳад.

Тухмашро кӯфта гузошта банданд, варам ва дарди чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Агар инро бо танакор даромехта гузошта банданд, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯстро дафъ мекунад.

Пӯсташро кӯфта гузошта банданд, барои дафъи назлаҳо ва варами мағзи сар ва пардаҳои он, хусусан дар кӯдакон бошад, шифо мебахшад.

7 грамм пӯсти хушки харбузаро кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Агар пӯсти харбузаро дар дег бияндозанд, боиси зуд пухтани гӯшт мегардад.

Решаашро аз 4,5 то 9 грамм кӯфта бихӯранд, сахт қай меоварад. Агар кӯфтаи онро бо асал хамир карда гузошта банданд, решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, шифо мебахшад.

Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.

Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд,

пешина
аз 702
навбатӣ