Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бавосирро ҷорӣ мекунад. Пиёзи пухтагиро бо мумравған, ки бо равғани мурғ тайёр карда бошанд, хамир карда гузошта банданд, решҳои аз кафшу мӯза баамаломадаи пойро шифо мебахшад.

Пӯсти пиёзро сӯхта, бо мӯйи сӯхтагӣ даромехта, ба решҳои хӯранда бипошанд ё бимоланд, шифо мебахшад.

Хӯрдани пиёз баъзан ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, инчунин агар хомашро бисёр бихӯранд, фаромӯшхотир, лисарғус (летаргия) ва бодҳои ғализро пайдо мекунад, дар бофти меъда моддаҳои ғализро пайдо менамояд, дар одамони гарммизоҷ ташнагӣ меоварад, дарди сар медиҳад. Ва одамони гарммизоҷ пиёзи хомро варақ-варақ карда, дар об шуста, бо намак ва сирко бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

Чун гӯшт, сабзавот ва донинаи бадбӯи захролудгаштаро бо пиёз бипазанд ё бо пиёзи резакарда дар равған бирён намоянд, зарари онҳоро дафъ менамояд ва лазиз мегардад.

Мизоҷи тухми пиёз дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Инро бихӯранд, қуввати боҳро бармеангезад ва агар инро кӯфта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми пиёз дар як рӯз 4,5 грамм аст.

Тухми пиёзро дар рӯи ахгар пошида, ба дудаш бидоранд ва сарро бо кампал ё бо кӯрпа печонанд, кирми дандонро мерезонад.

  1. Харбуза

Ин самари маълум аст ва навъҳои бешумор дорад. Харбуза ҳарчанд ширинтар ва гуворотар бошад, хубтар аст ва ҳарчанд шахшӯлтар ва бемазатар бошад, барои табобат бад аст.

Мизоҷи харбузаи миёнаҳол дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил аст, вале тариаш дар дараҷаи дуввум мебошад. Ширинии ин дар охири дараҷаи дуввум гарм. Вале мизоҷи хандалак дар гармиву тарӣ мӯътадил аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани харбуза дарунро пок мегардонад, зуд таъсиркунанда аст, майнаро

пешина
аз 702
навбатӣ