Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

даврон ибтидо бошад, дафъ мекунад; агар инро бо асал даромехта дар чашм чаконанд, гули дар он афтода ва реши чашмро дафъ месозад, чашми заифро қувват мебахшад ва инчунин дар натиҷаи зиёд гаштани рутубат ва моддаҳои ғализ хира гаштани чашмро ба ибро меоварад.

Оби пиёзро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мекунад. Агар инро бибӯянд, зарари ҳавои вабоиро дафъ месозад, вайронии ҳаворо ислоҳ менамояд, гиреҳи мағзи сарро мекушояд ва бухорҳои дар мағзи сар ҷамъшударо таҳлил медиҳад. Агар оби инро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад, даруни ин узвро аз чирк пок мегардонад ва бодҳои даруни гӯшро, ки ҷарангҳои гуногунро дар гӯш ба амал меоваранд, пароканда менамояд. Агар оби инро ба ком бимоланд ё бо он ғарғара кунанд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар рагҳои ҳалқ бошад, фоида дорад.

Оби пиёзро аз 45 то 90 грамм дар ҳолати дард кардан бинӯшанд, заҳри газидаи каҷдумро дафъ мекунад ё кӯфта ба ҷои газидааш гузошта банданд низ, ҳатман нафъ дорад. Агар худи пиёзро кӯфта гузошта банданд, хунро кашида ба беруни пӯст бармеоварад, ранги рухсорро неку мегардонад. Агар кӯфтаи пиёзро бо асал, борут ва намак даромехта, ба доғи пес, озахҳо, доғи кунҷидак, решҳои рутубаташон асалмонанд гузошта банданд, ҳамаи инро аз пӯсти бадан дафъ мекунад; агар бо мӯи кӯфтаи одамӣ даромехта гузошта банданд, захми сағи девона газидаро шифо мебахшад. Инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, барои газидани каҷдум ва занбӯр даво мешавад.

Пиёзро пухта батанҳоӣ ва ё бо давоҳои пазонандаи решҳо, масалан, барги гулихайрӣ ва ғайра даромехта гузошта банданд, варамҳои сардро мепазонад; бо зардии тухми мурғ ё равғани тоза (нав) ё бо чарбӣ сиришта гузошта банданд, дарди мақъад, хориш ва варами онро дафъ мекунад; бо равғани кӯҳони шутур хамир карда гузошта банданд, чингак шудани узвҳо ва кафидани даҳони мақъадро даво мешавад, бавосир ва исҳолро фоида дорад ва агар бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, нохуни каҷро ислоҳ мекунад, яъне нохуни солим мерӯёнад.

Пиёзро аз пӯст пок карда, дар равғани зайтун ғӯтонида, баъд онро дар мақъад бардоранд, хуни бандшудаи

пешина
аз 702
навбатӣ