Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳамин тавр мудовамат намоянд, барои сӯзиши пешоб (сӯзок) ва омадани хун дар пешоб давои аҷибест.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то 9 грамм аст.

  1. Пиёз

Ин навъҳои саҳрой ва бӯстонӣ дорад. Саҳроияш дар чашмасорҳо, кӯҳҳо бисёр месабзад, таъми барг ва бӯи он монанди пиёзи зироатӣ аст. Вале қуввати ин назар ба бӯстонии зиёдтар мебошад. Пиёзи зироатӣ, яъне навъи бӯстонии ин сафед, сурх ва зард мешавад.
Беҳтарини ҳамаи ин сафед, калон ва обдори он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, иштиҳоро ба таом зиёд месозад ва боҳро қавӣ мегардонад. Хусусан агар инро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабой ва тоунро (чумаро) дафъ мекунад. Хӯрдани хоми он бо нон ҳангоми сафар кардан аз як маҳал ба маҳалли дигар ва ё минтақаҳои дигар фоида дорад, инчунин зарари обҳои мухталифро ба ислоҳ меоварад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Инро дар об муҳарро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад. Ё ки инро бо чарбӣ ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад.
Ва агар инро бо сирко пухта бихӯранд ё дар сирко як шабонарӯз таркардааш онро биёшоманд, барои зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мешавад, иштиҳоро ба таом бармеангезад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қувват мебахшад; беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш зиёд гаштани сафро ва балғам дар меъда бошад, манъ менамояд. Агар танҳо худашро бихӯранд, зарари ҳавоҳои мурдорро нест ва газанди захрро дафъ мекунад.

Се рӯз паи ҳам 200-граммӣ оби пиёзро бинӯшанд, зарари сағи девона газидаро дафъ менамияд.
Оби пиёзро баъди пок кардани бадан бо воситаи танқия аз моддаҳои бегона, дар чашм чаконанд, обравӣ, хориш ва кӯтури чашмро шифо мебахшад ва ба даруни гавҳараки чашм фуромадани зардобро дар

пешина
аз 702
навбатӣ