Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гузошта банданд, моддаро аз таг ба рӯи пӯст мекашад, пӯстро захмин мекунад, вале варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Ва агар инро бихӯранд, ахлоти ғализро рақиқ мегардонад; пешоб, ҳайз ва ширро ҷорӣ (равон) мекунад, арақ меоварад, қуввати боҳро бармеангезад; узвҳои даруни сина, шуш ва меъдаро аз моддаҳои ғайрӣ пок мегардонад: даҳани бачадон, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бо оби ҷав даромехта бинӯшанд, бемориҳои узвҳои даруни синаро, ки иборат аз дамкӯтаҳӣ, ростнафас мебошанд, шифо мебахшад ва узвҳои даруни синаро аз ахлоти ғафси часпак пок месозад.

Агар баргашро кӯфта, дар бинӣ ҷо кунанд, хуни биниро бозмедорад. Агар барги тарашро кӯфта, ба пешонӣ гузошта банданд, низ хуни биниро мебандад; агар инро ба бачадоне, ки аз фарҷ берун баромада бошад, гузошта банданд, бачадонро ба ҷои аслиаш мебарад; агар ба дубайла (кӯряра) ва пучакҳо гузошта банданд, онҳоро меқафонад; ба озахҳо банданд, онҳоро хушк карда меафтонад, хусусан инро бо асал даромехта ба кор баранд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад, инчунин печиши асабро ҳам ба ибро меоварад; бо мумравған сиришта, аз рӯ ба сипурз гузошта банданд, иллатҳои ин узвро дафъ мекунад. Агар онро пухта, бо равғани зайтун хамир карда, гузошта банданд, варами баногӯшро дафъ менамояд.

Хокистари газнаро бо намак даромехта, ба решҳо гузошта банданд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад.

Тухмашро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, сурфа, иллатҳои узвҳои нафас ва истиско (водянка) дору мешавад; сафро, зардоб ва балғами часпакро аз бадан хориҷ месозад, барои иллатҳои сипурз ва гурда дармон мебошад; боҳро қавӣ мегардонад. Агар инро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди гурда, паҳлу ва сипурзро ҳамон дам таскин медиҳад. Агар инро бо решаи бепӯсти ширинбия якҷо дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳиҷакро (пешобдонро) аз рим пок мегардонад. Агар инро бо тухми карафс ва шири гӯсфанд бихӯранд, боҳро бағоят бармеангезад; бо шароб биёшоманд, балғамро бо исҳоли сабук дафъ мекунад.

Агар ин тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда,
латта ё паҳтаи покро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи қатъгаштаро равон мекунад. Ва агар

пешина
аз 702
навбатӣ