Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӯфтан онро бо асал хамир карда гузошта банданд, закарро калон мегардонад. Кӯфтаашро бо барги сагангур, барги зуф якҷо сиришта, бо маска хамир карда, чун марҳам ба захмҳо ва саратон гузошта банданд, онҳоро шифо мебахшад. Агар тухмашро танҳо кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд ё кӯфтаи онро бо асал хамир карда, ба закар ва каши рон бимоланд, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Оби газнаи тарро дар даҳон ва ҳалқ гардонанд, варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад.
Барги хушк ва тухмашро кӯфта бипошанд, барои хушконидани захмҳои хӯранда, саратони решгашта нофеъ аст, дард намеоварад.
Хӯрдани маҳсулоти газна ба гурда ва рӯдаҳо зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯранд, зиёнашро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 10,5 грамм аст, вале агар аз ин зиёд бихӯранд, мӯҳлик аст. Дар он ҳолат, ки зарар ёбанд, чизҳои хунукмизоҷ бояд бихӯранд.
Аз тухми газна равған ҳам тайёр мекунанд. Равғанаш барои бемориҳои номбурда қавитар аз тухми он аст: барои қувват бахшидани боҳ, бартараф рондани дарди буғумҳо (пайвандҳо), дарди сурин (кафал), ниқриси балғамӣ бихӯранд ва бимоланд, шифо мебахшад.
Тариқи тайёр кардани равғани тухми газна ин аст. Ин тухмро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, нимкӯфта дар андак об тар намоянд. Як колбаро бо гили бӯта андуда кунанду даруни онро аз тухми намгирифтаи газна пур кунанд. Дар гулӯи колба лиферо ҷо намоянд. Табақеро ё варақи васеъи оҳанинро аз миёнаҷо барои ҷо додани гулӯи колба сӯрох гардонанду гулӯи колбаро дар он сӯрох чаппа гузоранд. Баъд ба атроф ва болои колба, ки дар рӯи табақ аст, аз ҳезуми тез ё ангишт оташ афрӯзанд. Аз тафси ин равғани тухми газна муқаттар шуда поён меояд ва аз лиф покшавон ба зарфе, ки дар поён гузошта мешавад, мечакад. Ё ба он тухми намгирифта андак намак дохил карда, дар анбик ё дар колба ҳамон тавр муқаттар менамоянд. Баъд шӯрӣ ва обияташро аз он ҷудо сохта дур мекунанд, ин равғанро ба кор мебаранд.
Ин равған, ки бо ду усул ҳосил карда мешавад, бисёр қавӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор