Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бавосирро қатъ мекунад. Вале ман, муаллифи ин рақамҳо, дар таҷриба муайян намудам, ки қивоми инро бидуни шароб ҳам хӯронидам, бавосир дафъ гардид.

Қивоми парпии сиёҳро дар об ҳал карда, латта ё пахтаро ба маҳлули он тар намуда, занҳо аз таг бардоранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва худи ин узвро қавӣ мегардонад.

Агар гиёҳи инро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи варамҳоро мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз қивоми парпии сиёҳ дар як рӯз ба андозаи донаи биринҷ аст. Агар аз ин зиёд бихӯранд, бинобар пурзӯр буданаш дарди гулӯро ба амал меоварад, ғамгин мекунад, рутубатҳои баданро хушк мегардонад. Дар ин мавриди равғани кунҷид ё ширинӣ бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Аз гиёҳи парпӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 100 грамм барги хушки онро дар 800 грамм оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд дар оташ меҷӯшонанд ба ҳадде, ки чорьяки об, яъне 200 грамм бимонад. Сипас онро молида, аз матои бофташ зич гузаронида, соф карда, дар зарфе аз болояш 200 грамм равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ҳамаи об бухор шаваду равған бимонад. Батамом бухор шудани он обро аз он, ки равған аз ҷӯш мемонад, дониста мешавад. Ҳамин равған равғани парпӣ мебошад.

Агар равғани парпиро ба сар бимоланд, мӯйро дароз мекунад.

  1. Газна

Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикони шимол талванг ҳам мегӯянд. Зеро агар ин тала кунад, яъне бигазад, баданро ванг (варам) мекунад.

Баргаш бо кунгуранокиаш ба барги тут андак шабоҳат дорад. Инро баргаш ҳам, пояш ҳам пурхор,
хорҳояш монанди неши занбӯр борик-борик. Бо воситаи ҳамин хорҳояш касонеро, ки ба он мерасанд, мегазад — заҳр меандозад. Тухмаш майдаи ялаккосӣ,
андак паҳнтар аст.

Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар онро кӯфта, ба узве

пешина
аз 702
навбатӣ