Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
маврид бо оби хунук ғарғара кунанд ё оби хунук бинӯшанд, зиёни мазкурро ислоҳ мекунад.
Дар оқибат як хислати начиби қаварро бигӯем, ки агар бар бухори решаи ин бидоранд, бемори замингирро, яъне одами барҷомондаро сиҳат мебахшад.
- Парпӣ
Парпӣ ду навъ аст: навъеро гул сафед, баргаш монанди барги кашниз — инро парпии сафед меноманд; синфи дуввумро гул сиёҳи бунафшранг — инро парпии сиёҳ меноманд, баргҳояш монандӣ баргҳои зуфи кӯчак аст. Навъи дуввумашро тоҷикон гули кафтарак низ мегӯянд, ба русӣ горечавка оливьи мехонанд.
Мизоҷи парпии сафед дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст ва мизоҷи қисми сиёҳаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Қисми рӯизаминии ин гиёҳро ҳангоми гул карданаш ҷамъ оварда, дар об меҷӯшонанду баъд он обро аз ҷирмаш ҷудо карда, ба офтоб ё ба ҷои бодрас мегузоранд. Баъди муддате обаш парида, қивоми парпӣ ҳосил мешавад.
Қивоми парпии сафед бар зидди захрҳои ҷонварон заифтар аз қивоми навъи сиёҳи он аст.
Агар инро бихӯранд, бодҳои дарун ва пурбод шуданро ба ибро меоварад ва дардҳои ботиниро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз қивоми парпии сафед дар як рӯз ба андозаи донаи ҷав ва аз гиёҳи хушкаш то 9 грамм аст. Агар решаи парпии сафедро бихӯранд, тамоми ҳайвонотро, ба ғайри инсон, мекушад, вале агар одам бихӯрад, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Қивоми синфи сиёҳи ин гиёҳ ба ҷои тарьёки кабир истифода мешавад, хусусан барои дардҳои узвҳои даруни шикам ва дардҳои бачадон доруи хубест.
Агар гӯсфандҳо ҳангоми чаридан бинобар ширинии таъмаш гиёҳи захрнокро бо алафҳо якҷо хӯрда, захролуд гарданд, зуд гиёҳи парпии сиёҳро ёфта мехӯранд ва онҳоро аз офати захр наҷот медиҳад.
Ба дарун истеъмол кардани парпии сиёҳ, яъне қивоми онро биёшоманд, боҳро меафзояд, меъда ва ғитарро гарм мекунад, инчунин моддаҳои балғамиро тит ва таҳлил менамояд. Агар онро дар шароб пухта бихӯранд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор