Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Решаҳои борики онро кӯфта, бар баногӯш гузошта банданд, варами онро таҳлил медиҳад. Инро пухта, бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, низ варами баногӯшро мегардонад.

Обашро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад.

Онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад.

Усораи онро бо равғани зайтун даромехта, дар офтоб гарм карда, чанд қатра дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад, инчунин гаронии гӯш, чаранг ва садоҳои гуногуни даруни гӯшро, ки аз бисёрии бод ва моддаҳои ғализ ҳодис гашта бошанд, дафъ мекунад. Обашро батанҳои гарм карда, дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад.

Оби самари онро бо асал даромехта ва бо равғани зайтун сиришта ё бо заҳраи гов омехта бимоланд, варами ҳалкум ва дарди гулӯро шифо мебахшад.

Усораи онро бо равғани зайтун ва асал даромехта, ба ком бимоланд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин мавзеъ бошад, сиҳат мебахшад ва варами ҳалкумро таҳлил медиҳад.

Усораи инро биёшоманд, барои вайрон шудани низоми нафас даво мебошад.

Оби решаашро ба миқдори як грамм бинӯшанд, суулқиния (сустии ҷигар), истиско (водянка) ва зардпарвини сиёҳро бо як аҷобате шифо мебахшад бе ҳеҷ гуна заҳмат.

Ду грамм решаи онро ё муддати се рӯз 3 грамми худашро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хилтҳои балғам ва сафроро ба қай дафъ менамояд, инчунин балғами хом, сафро ва зардробро ба осонӣ ва беазият бо исҳол дафъ месозад.

Ҳар рӯз пӯсти самари онро 6 грамм бо шаҳдоб биёшоманд, исҳоли неку меоварад. Чун қадареро аз он дар об ҳал карда, пари мурғро ба он олонда, ба бехи забон ва атрофи он бимоланд, қай меоварад. Ва агар зудтар бихоҳанд, инро дар равғани зайтун ё равғани савсан ҳал карда, ҳамон тавр бимолаҷд. Чун қайӣ бисёр оварад ва аз қай кардан безор шаванд, шаробро бо равғани зайтун даромехта бинӯшанд. Агар бо ин ҳам қай бознаистад, орди нимбирёнро бо оби сард ё сиркоро бо об бинӯшанд, ё дар оби хунук даромада

пешина
аз 702
навбатӣ