Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
нишинанд ва оби хунук бар сар бирезанд; инчунин чизҳои дигари манъкунандаи қай бихӯранд.
Чун решаи онро 150 грамм гирифта, дар 900 грамм шароб як ҳафта андохта, ҳар рӯз 90 грамми онро то се рӯз ба дили наҳор биёшоманд, барои иллати истисқо даво мебошад.
Усораи онро бо шири ҷавонзанон даромехта, дар
бинӣ бирезанд, зардпарвинро даво мешавад.
Решаашро пухта, кӯфта, бо майи пухтагӣ хамир сохта, гузошта банданд, истисқои гӯштиро шифо мебахшад.
Усораи решаи онро батанҳои биёшоманд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар инро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро дар шиками онҳо мекушад.
Чун оби решаи онро нимгарм карда, ба зери ноф бимоланд, кирмҳои шикамро кушта берун меоварад; чун бар меъда бимоланд, қай меоварад; чун ба хояҳо бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва оби дар онҳо фуромадаро ба таҳлил мебарад.
Решаашро пухта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варами балғамии кӯҳнаро таҳлил медиҳад ва пучакҳоро мекафонад. Ва агар усораи инро гузошта банданд, дар бобатҳои мазкур қавитар аст.
Усораи онро бихӯранд, дарди пайвандҳои бадан, ҳамаи дардҳои савдовӣ ва балғами дасту поҳо ва ҳамаи аъзоро ва инчунин карахтиро шифо мебахшад.
Агар онро, яъне решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасоро шифо мебахшад. Онро пухта, бо сирко ё бо майи пухтагӣ сиришта, гузошта банданд, дарди пушт ва ниқрисро шифо мебахшад.
Гулашро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳои бадан, яъне дарди буғумҳоро таскин медиҳад ва агар пухтаи онро гузошта банданд, низ чунин таъсирро дорад.
Хушкашро кӯфта бипошанд, кӯтури решгашта ва шукуфаи пӯстро ба ибро меоварад. Агар инро бо асал ва сирко ва ё бо шароб сиришта, гузошта банданд, низ барои кӯтури решгашта, озахҳо, шукуфаи пӯст, доғи сафеди пӯст, доғи сиёҳи рӯй ва барои доғҳои дигари бадан даво мебошад.
Барг ва решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барои иллати махав фоида дорад.
Чун оби ин сабҷан сагакро дар равғани кунҷил ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор