Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

монанди барги харбуза ва бодиринг, шахшӯл, дар биёра, самараш хурдтар аз тухми мурғ, монанди харбуза дарозак, дар хомиаш сабз ва бирасад, зард мегардад. Таъмаш талх аст. Беҳтарин қисми растаниаш самари расидаи зарди он аст.

Самари инро чун пиёз варақ-варақ бурида, ба ришта кашида, дар соя хушк мекунанду барои истифода дар фаслҳои дигари сол гирифта мемонанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар иҷро бихӯранд, моддаҳои ғафсро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, майнаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок менамояд, моддаҳои сафро, балғами хом ва инчунин зардобро бо исҳол дафъ мекунад; барои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қач шудани рӯй, саръ (припадка), байза (дарди бефосила ва шиддатноки тамоми сар), дарди буғумҳо, никрис (подагра), иркуннасо (радикулит), сурфаи сард, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас (астма), бодҳои ғализ, истиско (водянка), зардпарвини сиёҳ ва бавосир даво мешавад; сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад.

Самар, барг ва решаи онро агар бихӯранд, хусусиятҳои поккунандагӣ, таҳлилдиҳандагӣ ва хушккунандагӣ дорад. Хислати хушккунандагӣ дар пӯсти он назар ба баргаш зиёдтар аст, вале тезӣ дар усораи барг ва решаи он бештар мебошад.

Усораи онро, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида, бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсари шадидро шифо мебахшад ва байзаро ва инчунин ҳамаи дардҳои аз сардӣ баамаломадаи кӯҳнаро ба ибро меоварад. Лекин пеш аз он ки инро дар бинӣ бирезанд, бо воситаи давоҳои махсус баданро аз моддаҳои бегона пок намудан даркор аст; инчунин барои қач шудани рӯй, карахтӣ, кузоз (столбняк) ва саръ даво мешавад.

Инро бо шир даромехта, ба даруни сӯрохҳои бинӣ бимоланд, моддаҳои зарарноки бисёреро аз сар мекашад ва байза ном дарди тамоми сарро, ки шадид ва беист мебошад, инчунин дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад.

Усораи баргаш аз худаш заифтар аст барои давой. Решамайдаҳои он дар хислати хушккунандагӣ аз қисмҳои дигараш қавитар мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ