Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ва равғанаш меъдаро суст мекунад, инчунин дилро беҳузур (беҷо) месозад, кай меоварад ва ба узвҳои даруни сина ҳам зиён дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш катиро хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз самар ва барги ғор дар як рӯз 2,25 грамм аст. 9 грамми онро бихӯранд, дарунро меравонад. Агар маҳсулоти ғор ёфт нашавад, ба ҷояш бодоми талх ва ҷамилакро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Яке аз хислатҳои ғор чунин аст, ки агар барғашро дар об ҷӯш дода, он обро дар хона бипошанд, магас ва ҳамин навъ ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Инчунин баргҳояшро паҳн кунанд ҳам, ҳамин гуна таъсир дорад.

Муаллифи китоби «Филоха» гуфтааст, ки «Чун барги онро бо даст бичинанд ба тавре, ки ба замин наяфтад ва онро бар паси гӯши худ гузоранд, ҳар кадар шароб, ки бинӯшанд, маст намегарданд. Чун дар ҷое, ки кӯдак бихобаду дар хоб битарсад, ин баргро бигузоранд, тифл дигар наметарсад».

Аз чӯбаш асо сохта, бар он такя кунанд, чашмро тез мегардонад, ҷавонмардиро меафзояд. Мегӯянд, ки агар бо он худро шустушӯ кунанд, таъсири сеҳрро дафъ мекунад. Чун рӯзи чоршанбе пеш аз баромадани офтоб онро сӯхта, дудашро бигиранд, касе, ки аз мардиаш маҳрум гашта бошад, қуввати аслиаш аз нав барқарор мешавад, қодир мегардад.

Дастури гирифтани равғани ғор чунин аст. Донаки онро нимкӯфта дар об меҷӯшонанд ва то хунук шуданаш мегузоранд. Он чӣ дар рӯи об истад, ҷудо карда мегиранд — ҳамин равғани ғор аст. Ё барг ва самари онро дар об меҷӯшонанд, то он ки қувваташ ба об гузарад. Баъд он обро соф карда, аз болояш дучанди он равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим то тамом шудани об меҷӯшонанд. Вақте ки аз ҷӯш монд, маълум аст, ки равған тайёр шудааст ва об батамом бухор гашта рафтааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нашавад.

  1. Харбузаи сағак

Инро сабчаи сағак ҳам мегӯянд. Ба забони ӯзбекӣ итқовун ва ба русӣ кукумис сорнополей номида мешавад. Гиёҳаш дар заминҳои ғайрикорам мерӯяд. Баргаш

пешина
аз 702
навбатӣ