Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

захмҳои шуш, сурфаи кӯҳна ва зиқуннафасро шифо мебахшад.

Самарашро бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад; инчунин дарди рӯдаҳо, кулинҷ (колит), бемориҳои ҷигар ва силурзро шифо мебахшад. 9 грамм самари хушкашро ос карда бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дарҳол таскин медиҳад.

Хӯрдани равғани ғор дилро беҳузур (беҷо) мекунад, қай меоварад, вале пешоб ва ҳайзро равон месозад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бемориҳои ҳичак ва бачадонро шифо мебахшад; ва агар ин обро бо асал биёшоманд, барои бемориҳои аз сардӣ ба амал омада дору мешавад ва бо сиканҷабин бинӯшанд, иллатҳои аз гармӣ ҳодис гаштаро ба ибро меоварад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд ё дар он об то ноф даромада нишинанд, бемориҳои гурда, ҳичак ва бачадонро шифо мебахшад.

3,5 грамм пӯсти самари онро кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад ва бачаи занони ҳомиларо дар шикамашон мекушад. Инчунин самарашро батакрор бихӯранд, низ сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Ин самари онро занони ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад.

Равғанашро бимоланд, кашокаш ва аъзошикании табхоро дафъ мекунад.

Самарашро кӯфта, бо шароб биёшоманд, барои газидани мор, каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок дору мешавад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, газидани занбӯрҳои гуногун (аз ҷумла занбӯри асал) ва ҳамчунин ҷонваронро сиҳат мебахшад.

Самарашро кӯфта, бо нон ё бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дардҳои луққосиро таскин медиҳад ва варамҳои гармро мегардонад.

Самараш ва равғанашро бихӯранд ва ё равғанашро бимоланд, дардҳои буғумҳо, дарди камар ва ғайраро таскин медиҳад ва шифо мебахшад.

Самараш ва баргашро кӯфта, бо шароб сиришта бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад.

Вале ҳангоми ба дарун истеъмол намудани самараш

пешина
аз 702
навбатӣ