Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯи таом ва ҳазмовару дар вақти пухтан ба хӯрокҳо меандозанд. Баргашро ба забони русӣ лавровый лист меноманд, ки дар дӯконҳои хӯрокворӣ фурӯхта мешавад. Дарахташро дар сарзамини Кавказ мепарваранд ва дар дигар мамлакатҳои гармистон аз ин ба таври васеъ истифода мебаранд. Сабзонидани ин дар Тоҷикистон ҳам ривоҷ дорад. Номи тоҷикии ин дарахт боҳиштон аст. Баргаш дарозтар аз барги бед, вале ғафстар ва шахшӯлтар аз он аст. Самараш ба андозаи финдик ва хушбӯй мебошад.

Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум. Мизоҷи мағзи самараш гармтар аз барг ва пӯсти он аст. Мизоҷи равғанаш назар ба қисмҳои дигари он, ҳатто аз мағзи чормағз ҳам гармтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: таҳлилдиҳанда, фараҳбахш, қувватафзо, равонкунандаи пешоб ва тарёки заҳрҳо мебошад (хусусан самараш).

Самарашро бо шароб биёшоманд, дарди сари балғамӣ, бодҳои бандшуда, саръ (припадка) ва васвосро шифо мебахшад; зеҳнро тез ва фаҳму фарасатро афзун мегардонад. Агар инро кӯфта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсар ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад.

Равғанашро бимоланд, дарди асабҳоро таскин медиҳад, мондагӣ ва беҷо шудани зеҳнро дафъ мекунад, инчунин даҳанҳои рагҳоро мекушояд.

Самарашро дар равғани гулисурх ва сирко ё дар шароби кӯҳна махин ос карда бичаконанд, дардҳои гуногуни гӯшро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад, чарангҳои гуногуни даруни гӯш ва гарони онро ба ибро меоварад, инчунин ин узвро қавӣ мегардонад. Равғанашро батакрор чаконанд ҳам, чунин хосият дорад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Барг ё самарашро маҳин кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд ё бо шароби мусаллас биёшоманд, барои аксари бемориҳои аз хунукӣ содиршуда дору мешавад; агар бо сиканҷабин биёшоманд, бемориҳои аз гармӣ ходисташтаро дафъ мекунад; сустии рӯҳ, ростнафас, омадани моддаҳои ғайрӣ аз шуш,

пешина
аз 702
навбатӣ