Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бармеоварад; агар масомҳо аз таъсири сармо банд шуда бошанд, мекушояд, беҳаракат мондани узвро ба ибро меоварад, бодҳои дар узвҳо бандшударо таҳлил медиҳад, яъне пароканда мекунад, дарди буғумҳо ва дарди миёнро таскин медиҳад, инчунин никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо аст, шифо мебахшояд.
Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, гармӣ гӯшро ислоҳ медиҳад.

  1. Бобунаи говҷашм

Ин гиёҳ аз ҷинси бобуна аст, вале гулаш нисбат ба гули бобуна хеле калон аст. Дар гирди маркази гулаш гулбаргҳои сафед монандӣ парра ҷойгир шудаанд ва миёнаҷои гул зарди бахмалӣ мебошад. Баргаш ба барги кашниз монанд аст, таъмаш андаке ба талхӣ моил.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахшии он: агар инро биёшоманд, баданро гарм мекунад, моддаҳои ғализ ва варамҳои дохилиро таҳлил медиҳад, гиреҳи ҷигар ва даҳани рагҳоро мекушояд, хуни дар ҳичак шахшударо ба таҳлил мебарад, варами мақъадро мегардонад; пешоб, арақ ва хуни ҳайзро равон месозад, бачаи занҳои ҳомиларо аз шикам меафтонад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, бар зидди заҳрҳо ва заҳрнокшавӣ тарзёк мешавад; барои дарди ҳичак, варами сипурз, истиско, қароқури меъда, кулинҷ (варам ва дарди рӯдаи ғафс) ва фуромадани об ба кисаҳои хояҳо нафъ дорад. Агар инро бо сиканҷабин (сиркоасал) ва ё бо намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва балғамро аз бадан хориҷ мегардонад. Чун бо зарпечак низ бардавом бихӯранд, савдо ва балғамро меронад.

Гули тарашро бибӯянд, хоб меоварад, вале агар бисёр ва бардавом бибӯянд, хоболуд мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ё чун чой дам карда биёшоманд, пирони бехобро хоб меоварад.

Модоме ки бо сиканҷабин ё бо намак бихӯранд, савдо ва балғамро дафъ мекунад, барои молихулиё, ваҳшат (тарсончакӣ) ва саръ нафъ дорад. Агар ҳар рӯз 4,5 грамм решаи хушки онро кӯфта, бо обе, ки дар он фовониё ҷӯшонида шуда бошад, то сӣ рӯз биёшоманд, иллати саръро ҳатман шифо

пешина
аз 702
навбатӣ