Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мебахшад. Инчунин ҳар рӯз 7 грамм аз гули он бо шароби райҳонӣ то 25 рӯз бихӯранд, низ иллати саръро дафъ мекунад.

Гулашро сӯхта, хокистари онро дар чашм бипошанд, обравини онро ислоҳ менамояд. Худи гулашро чун гард маҳин ос карда, монандӣ сурма ба чашм кашанд, ҳамаи табақаҳои чашмро пуркувват мегардонад, зулмати, яъне торикии чашмро дафъ мекунад ва нури чашмро тез мегардонад; фуромадани зардобро ба даруни гавҳараки чашм, ки чашмро нобино месозад, манъ мекунад ва агар фуромада бошад, дафъ менамояд.

Гулашро кӯфта, бо асал хамир сохта лесида бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа ва хун кай карданро ба корӣ меоварад. Агар 10,5 грамм барги хушкашро кӯфта, бо сиканҷабин ва намак бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва савдои омехта бо сафроро дафъ месозад, рутубати зарарноки ба меъда рехташавандаро пароканда ва хушк мекунад, инчунин хунеро, ки дар меъда шах шуда бошад, мегудозад. 4,5 грамм гули хушки онро кӯфта, бо сиканҷабин биёшоманд, дамкӯтаҳиро нест мекунад; иштиҳоро ба таом бармеангезад, меъдаро хушбӯй мегардонад. Агар 17,5 грамм гули онро кӯфта, бо чой фурӯ баранд, арақ меоварад ва иллати кулинчро дафъ мекунад.

Гулашро дар об ҷӯшонида, он обро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, пешобро башиддат меронад, хуни дар меъда ва хичак шахшударо мегудозад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро якҷо бо гулаш биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, кулинчро мекушояд. Агар гулашро бо шароб бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, оби дар кисаҳои хояҳо ҷамъшударо барҳам медиҳад.

Занҳое, ки аз омадани ҳайзи худ маҳрум гашта бошанд, гулашро хуб кӯфта, аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро башиддат ҷорӣ мекунад, бачадони сахтро мулоим ва солим мегардонад ва гиреҳҳои онро мекушояд, инчунин даҳани раги бавосирро низ мекушояд, бачадонро аз чизҳои ғайрӣ пок менамояд.

Агар ин гиёҳро бо гулаш якҷо дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро ба ҳоли солим ислоҳ мекунад. Оби гиёҳи тари инро ба хояҳо, закар ва каши рон бимоланд, пушти

пешина
аз 702
навбатӣ