Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Инро бихоянд, ҷӯшиш ва пухтани даҳанро шифо мебахшад.
Хушки инро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд, аз кушода шудани носури чашм обравии онро ислоҳ мекунад.
Бо обе, ки дар он гули бобуна ҷӯшонида шуда бошад, чашмро бишӯянд, дарди онро сиҳат мекунад.
Агар инро бисӯзанд, аз дуди он ҷонварони зарарнок мегурезанд — дур мешаванд.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 15 грамм аст. Ба ҷои ин гули бобунаи говҷашмро, бӯймодарони маҳинбар ва бӯймодарони дуруштбаргро истифода баранд, равост.
Лекин истеъмоли бобуна ба дарун ба халқ зарар дорад — барои ислоҳи ин асал бояд бихӯранд.
Мизоҷи решаи бобуна гармтар ва хушктар, дар давогӣ ҳам аз гули он қавитар мебошад.
4,5 грамм решаи инро кӯфта, бо шароб ва асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) хеле бармеангезад.
Аз бобуна равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 100 грамм гули бобунаро дар 400 грамм равғани кунҷид дар шиша карда, ба офтоб мегузоранд, баъд аз як ҳафта, он гулро фишурда, дур карда, гули нав меандозанд ва инак, то се-чор маротиба гулро нав мекунанду баъд равғанро соф карда мегиранд.
Тариқи дигари гирифтани равғани бобуна чунин аст. Дар таносуби 100 грамм гули бобуна дар 400 грамм об ҷӯш дода, баъд аз болояш равғани кунҷид рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ва агар дар ин амал гули хушки онро кор фармуданӣ бошанд, ним баробари вазни гули тараш бигиранд. Ҳамон тавр дар об ҷӯшонанду баъд бимоланд, соиӣ аз матои бофташ зич гузаронида соф намоянд. Аз болояш чор баробари вазни гули бобуна равғани кунҷид андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Аломати тамом шудани об аз ҷӯш мондани он аст.
Мизоҷи ин равған дар дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимоланд, варамҳои сард ва мураккабро таҳлил медиҳад, рутубатҳоро хушк мекунад, ларзондани вараҷаи савдовӣ ва балғамиро манъ месозад, арақ меоварад, мондагиро

пешина
аз 702
навбатӣ