Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мебахшояд; агар бо шароб хамир сохта гузошта банданд, варамҳои гарми сахтро таҳлил медиҳад.
Решаи инро сӯхта, бо равғани бодоми талх хамир намуда, аввал мавзеъро бо матои пашмин хуб бимоланд. Баъд он хамирро ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад; инчунин доғи сафеди пӯстро бо матои дағал хуб молида, ин хамирро дар офтоб нишаста, ба он доғ бимоланд, онро дафъ мекунад.
Аммо хӯрдани сиреши даштӣ ба гурда зарар дорад. Дар мавриди зиён карданаш мустақо бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши даштӣ дар як рӯз то 10,5 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба ҷои ин барои бох (пушти камар) сабзии даштиро истифода баранд ва бар зидди захрнок шудан пиёзи ансулро бихӯранд, раво мебошад.
- Сиреши кӯҳӣ
Инро тоҷикони ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент шушкакаҳ меноманд, вале тоҷикони водии Ҳисор сичак мегӯ-янд. Решаи ин ғафстар аз решаи сиреши даштӣ, бар-ғаш низ дароз ва сербартар, пояаш ҳам ғафстар ва баландтар аз сиреши даштӣ мешавад; гулаш сафеди моил ба сурхӣ, самараш гирдак ва таъмаш тунди мо-ил ба тунчӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар решаашро бихӯ-ранд, барои дарди паҳлу, сурфа ва зардпарвини ходис аз бисёрӣ сафрои сӯхта (яъне аз ғалабаи сафрои савдоомехта), харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва инчунин дағалии халқ даво мешавад; агар кӯфта бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Ва агар сӯхтаи инро бихӯранд, низ пешоб ва ҳайзро меронад. Сӯхтаи инро ба варамҳое, ки аз бисёрӣ балғам ба амал омада бошанд, гузошта банданд онҳоро таҳлил медиҳад; инро бо сирко хамир карда ба ҷоҳои гир-дак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад ва инчунин ба доғи сафеди пӯст гузош-та банданд, онро дафъ мекунад.
Решаи ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, устухони шикастаро ба ҳам мепайвандад, даббаро, ки аз дариданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор