Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мекунад; агар инро бо шароб биёшоманд, барои газедани каждум ва ҳазорпо дору мешавад. Ва андакеро аз он бихӯранд, кайро осон мекунад. 14 грамм решаи онро бихӯранд, газидани морро шифо мебахшад ва дар ҳолати газидани мор бояд, ки баргашро ҳам кӯфта, ба ҷои офат гузошта банданд.

Пояашро дар сирко бо равғани зайтун пухта бихӯранд, иллати зардпарвинро дафъ менамояд.

Оби онро ба сафедаи тухми мурғ даромехта, латтаро дар он олонда гузошта банданд сӯхтагии оташро шифо мебахшад; агар бо гӯгирд сиришта гузошта банданд, шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.

Оби сиреши тару тозаро бо шароби кӯҳнаи ширин ва ё шароби талх ва заъфарон даромехта биҷӯшонанд, ки бипазад. Баъд онро ба чашм кашанд, тарӣ, шилпукӣ ва сӯзиши пилҳҳои чашмро ба ибро меоварад.

Сиреши даштини тару тозаро кӯфта, обашро гирифта, онро батанҳоӣ ё бо асал даромехта, нимгарм дар гӯше, ки аз он рим ояд, бичаконанд, сиҳат мебахшад.
Ин обро нимгарм дар гӯш бичаконанд, дарди дандони тарафи мухолифро таскин медиҳад. Инчунин агар онро дар равғани зайтун пухта, он равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди дандони тарафи мухолифи онро сокин мекунад.

Чун гиреҳи марказии решаи онро ковок намуда, дар он равғани зайтун рехта, дар рӯи оташ гузоранд, то равған ба ҷӯш ояд ва онро нимгарм дар гӯш бичаконанд, дардашро таскин медиҳад ва гаронии гӯшро ислоҳ мекунад. Ин равғанро бимоланд, аз сармо қафидани дасту поҳоро шифо мебахшад, инчунин сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.

Решаи ин сирешро кӯфта, ба дандони курсӣ бигузоранд, дарди онро сокин месозад. Чун ин решаро бо
сирко якҷо кӯфта, ба нарангушти дасти ҷониби дандони кундшуда ва дарднок гузошта банданд, дарди онро таскин медиҳад ва кундии онро ислоҳ мекунад. Агар
инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ба шиками гирифтори иллати истиско (водянка) гузошта банданд, нафъ
мекунад. Инро бо дурдан (тахшини) шароб пухта гузошта банданд, решҳои римкардаи бадфиолро шифо
мебахшад, варами пистон ва ҳояро таҳлил медиҳад,
пучакҳо, чиртакҳо ва решҳои дигари римнокро сиҳат

пешина
аз 702
навбатӣ