Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ногуфта намонад, ки исфаноҳро пухта, бо равғани бодоми ширин ё бо маскаи нави гов хӯриш дода бихӯранд, барои дарди сар, чингак шудани узвҳо аз хушкӣ, варамҳои шадиди сар ва агар бо гӯштҳои сара пухта бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ, девонаи беқарор, ки ин бемориҳо аз бисёр шудани моддаи савдо омехта бо сафро ҳодис шуда бошанд; бо почаи барра ё бо почаи бузгола пухта бихӯранд, барои чарх задани сар ва сиёҳ задани чашм, ки аз гармӣ ҳодис гашта бошанд; инчунин барои гулӯгиршавӣ, бемориҳои узвҳои даруни сина ва шуш, сил ва сурфа дору мешавад. Инро бо оши ҷав ё моши кӯфтагӣ пухта бихӯранд, барои варам ва дарди пардаҳои даруни сина, банд шудани пешоб, сӯзок, табҳои гарм ва иллати хӯра доруи хубе мебошад.
Хӯра — ин реш ва захмест, ки дар ҳар узве пайдо шавад, атрофи худро хӯрда, ба рим табдил медиҳад.

  1. Сиреши саҳроӣ

Ин гиёҳ монандӣ сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш низ аз пояи сиреши кӯҳӣ кӯтоҳ ва бориктар. Гули сиреши даштӣ зардтоб, вале гули сиреши кӯҳӣ сафед аст. Қисми заминӣ яъне бехрешаи ҳар ду дар сохт ба якдигар монанд: дар мобайни решаҳояш монандӣ анҷири зард гирдшакли паҳн гиреҳ дорад ва аз он ба атроф решаҳо рафтаанд — фарқи решаи ин ҳар ду дар он аст, ки аз они сиреши кӯҳӣ бузургтар назар ба решаи қисми саҳроии он.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин дар хӯрдан хислати гармкунандагӣ дорад, таъмаш тунд, бо қуввати хушккунанда мебошад, инчунин таҳлилдиҳанда ва моддаҳои ғализро дар бадан рақиқгардонанда аст; устухони шикастаро бо ҳам пайваст мегардонад, варам ва бодҳои хояҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва захмҳои ботиниро дафъ мекунад. 3,5 грамм аз решаи хоми он бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон месозад; 7 грамм бихӯранд, дарди паҳлу, сурфа ва сустии мушакҳоро дафъ менамояд.

Гулаш ва самарашро бихӯранд, дарунро мулоим

пешина
аз 702
навбатӣ