Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: бинобар қуввати поккунанда ва шустушӯдиҳандагӣ доштанаш, агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад. Хусусияти ғизоимаш: хушҳазм, бодаш камтар аст назар ба сабзаҳои дигар. Агар инро бо мудовамат бихӯранд, барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои дарунии сина ва дарди душ, ки аз гармӣ бошад, сил ва барои дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад. Агар инро бо боқило пухта бихӯранд, назлаҳои гарми аз сар фурояндаро қатъ мекунад. (Назлаи гарм он аст, ки ҳангоми дар бинӣ фуромаданаш сӯзиш дар сӯрохи бинӣ ба амал меоварад).
Бо оби гиёҳи тару тозаи он ғарғара кунанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқумро шифо мебахшад.
Оби гиёҳи тари онро бо шакар ширин карда бинӯшанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқум, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок меноманд, шифо мебахшад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Агар инро пухта гузошта банданд, дарди буғумҳо ва варамҳоро, ки аз гармӣ бошанд, инчунин банд шудани пешобро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаҳои гарммизоҷ бошад, дафъ менамояд. Ва агар нопухта гузошта банданд, варамҳои гарми хунӣ ва газидани занбӯрро даво мешавад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.
Вале ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба одамони хунукмизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад. Дар ин мавриди онро бо равғани бодоми ширин ё бо маскаи нави гов пухта, бо дорчинӣ ва мурч бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби исфанохи тару тоза дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷои ин ҷилмангӯштак (семизут)-ро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Тухмашро бихӯранд, барои дарди дил, дарди узвҳои дарунии сина ва шикам, табҳои гарм, шираи тухмаш барои табҳои дик (логаркунанда) ва сил давои хубест.
Ин тухмашро пухта ба варамҳои гарм гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад ва инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад — дар ин бобат давои бисёр хубест.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 7 грамм аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор