Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

медиҳад, душвор шошиданро осон мекунад, ҳичак-ро аз олоишҳо пок месозад; захмҳои сар, варамҳои хунӣ ва мӯрчагазак ном ҷӯшиши баданро хушк ва дафъ мекунад, дардҳоро таскин медиҳад, милки дандонро қувват мебахшад.

Баргашро кӯфта, ба варамҳои хунӣ ва мӯрчагазак гузошта банданд, шифо мебахшад ва агар онро дар равғани зайтун пухта, занҳо ба зери нофи худ гузошта банданд, варами бачадонро таҳлил медиҳад, дардаш-ро низ сокин мекунад, инчунин бавосир ва захмҳои сарро дармон мебошад.

Самарашро пухта бихӯранд, пешоби бандшударо мекушояд, ҳичакро қувват мебахшад, меъдаро пурқувват месозад, исҳолро мебандад.

Агар бо чӯби он мисвок кунанд, яъне чӯби онро ба дандонҳо бимоланд, онҳоро аз чирк пок мегардонад, милкашро низ мустаҳкам мекунад.

Агар мисвокро ба дандон аз ҳад зиёд бимоланд, дар забонҷаи халқум ҷӯшиш пайдо мекунад. Ва агар бисёр бихӯранд, мумкин аст, сатҳи даруни рӯдаҳоро бихарошад. Дар ин маврид катиро бихӯранд, зарараш-ро бартараф месозад.

Миқдори як бор нӯшидан аз обе, ки дар он мисвок ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз то 150 грамм аст ва меъёри хӯрдан аз тухмаш то 10.5 грамм.

Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббӯ» ва дигарон гуфтаанд, ки барги он барои кӯтури пӯст, иллати махав, бавосир ва фосид шудани хун фоида дорад.

Агар меваашро бихӯранд, дарунро меронов, мурдор гаштани моддаҳои балғам ва сафроро ба ислоҳ меоварад; барои сӯзиши узвҳои дохилӣ, истиско, варамҳои гуногун, махав, табҳои гарм, резонидани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо (ҳатто кирми қадудона) даво мешавад.

  1. Исфанох

Ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон испанор низ меноманд. Ин растании баҳорӣ мебошад, бисёр нозук аст.

Ин растанӣ ҳам навъи бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳрой. Дар тиб қисми бӯстонии он истифода мешавад, ки мехӯранд. Беҳтарини он тару тоза ва боронрасидаи он аст.

пешина
аз 702
навбатӣ