Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
қотил аст. Вале онро агар одамон дар миқдори муайян бихӯранд, мизоҷи вайронгаштами бисёр сардро ба сӯи мизоҷи сараи гарм табдил медиҳад. Инро фақат дар вақти сахт ҳочат афтодан ҷоиз аст бихӯранд, дар дигар мавридҳо набояд истеъмол намуд. Масалан, барои бемориҳои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон шудани узве ё аъзо ва дигар иллатҳои асабонӣ, пайвандҳо бо шакар, ки ислоҳкунандаи зарари он аст, бихӯранд.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, барои доғҳои кунҷидак, кӯтур, шукуфаи пӯст, иркуннасо (радикулит), бемориҳои пайвандҳо, иллатҳои аз сардӣ ба амаломада, кӯтури тар ва рихинак даво мешавад.
Зарарҳояш: мастӣ меоварад, зеҳнро кунд мекунад. Ва агар 4,5 грамм аз он бихӯранд, кушанда мебошад.
Агар ин зарар кунад, шакар ва чизҳои хушбӯй бояд бихӯранд ё ин ки шири навдӯшидаро нӯшида, кай намоянд.
Табибони Ҳинд дар бобати шифобахшии кучула чизҳои бисёреро зикр кардаанд.
- Мисвок
Ин растанӣ дар шароити табиии Осиёи Миёна ба шакли гиёҳ ва буттача мерӯяд. Навъҳои саҳроӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Барғаш дарози васеъ, рост, зич ва сабзи зеборанг, хорнок ва бехор низ мешавад, дар ҷануб хазон намекунад. Гулаш моил ба сурхӣ, самараш дар хӯша ва ба андозаи нахӯд, дар хомиаш сабз ва таъмаш хеле тунд аст, вале баъди расидан баъзеаш сурх, баъзеаш сафед ва бунафш мегардад ва баъдан сиёҳ мешавад. Баъди пухтан таъмаш моил ба андак ширинӣ ва талхиву тундӣ мешавад.
Мизоҷи мисвоки дар мамлакатҳои гарм рӯидааш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст ва он, ки дар иқлими мӯътадил рӯяд, мизоҷаш дар гармиву хушкӣ мӯътадил мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, баданро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳҳои дохили баданро мекушояд, рутубатҳои часпакро дафъ меку-над, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад; назлаи аз сар фурояндаро манъ мекунад, меъдаро қувват мебахшад, исҳолро мебандад, варами бачадон ва бавосирро тахлил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор