Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҷамъ шуда, баъд сахт гардад — ин беолоиш ва соф мебошад.
Мизоҷи ишҳор дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст, ки ҳукми заҳрро дорад.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусияти поккунандагӣ, сӯзандагӣ ва хӯрандагӣ дорад.
Чун ишҳорро дар об ҳафт маротиба ҳал кунанду баъд соф намуда, аз нав сахт гардонанд, ин ишҳори соф ҳисоб меёбад. Аз ин 0,19 грамм бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм мекунад, иштиҳо меоварад, балғамро меканад ва он кайро, ки бо ҳеҷ тадбиру илоҷ боздошта нашавад, ба ислоҳ меоварад ва варами сипурзро таҳлил медиҳад.
Агар инро ба чашми ҳайвонот чун сурма бикашанд, гули чашми онҳоро дафъ мекунад. Агар онро бимоланд, гӯшти зоидро, ки гӯшти ҳароми захм аст, хӯрда, нест мекунад, озахҳоро хушк карда меафтонад, носур, доғи сафеди пӯст, пес, кӯтури тар ва ширинчаҳои гуногунро дафъ мекунад.
Агар 3,5 грамми ишҳорро касе бихӯрад, ҳамон рӯз мекушад ва 7 грамм аз он бихӯрад, ҳамон дам аз ҷонаш ҷудо мегардад, илоҷпазир нест. Агар касе инро хӯрда бошад, давояш равған ва шӯрбои равғандор хӯрда, кай намудан аст.
Инро ҳамчун даво танҳо худашро молидан манъ аст ва бояд ки бо равған якҷо карда бимоланд. Зеро агар худашро танҳо бимоланд, ба дараҷае хушк мегардонад, ки ислоҳи он амри муҳол аст.
Чун ишҳорро дар равған ҳал карда, ба ангур бипошанд, ба зудӣ онро мавиз мегардонад.
- Кучула
Ин тухми дарахти ҳиндӣ аст, ки самараш ба андозаи норанҷ мешавад. Дар даруни он донаҳои паҳни гирдак ҷой гирифтаанд, ки бисёр сахт ва талх мебошанд. Ҳамин донаҳои дар самараш буда кучулаанд.
Онро дар шир тар карда, аз пӯсташ ҷудо сохта, баъд барои истеъмол бо сӯҳон реза мекунанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар ҳамон дараҷа хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бояд хотиррасон намоем, ки кучула барои ҳамаи ҳайвоноти думдор захри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор