Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин гиёҳ дар заминҳои биёбон ва шӯразорҳо мерӯяд. Ҳамеша сабз ва пуроб мебошад, барг надорад, аз як бех (реша) шохҳои борики бисёр, ки гӯё ҳамаи онҳо аз гиреҳҳои буғумдор иборат мебошанд. Таъмаш шӯр аст. Агар инро хушк карда бисӯзанд, хокистараш бисёр тез аст.

Қисми рӯйизаминии инро бо каланд бурида, ҷамъ карда, баъди хушк шуданаш, заминро чуқур канда, иштони хушкро дар он чуқурӣ пур менамоянду оташ мезананд. Аз сӯхтаи он дар он чуқурӣ обе ҷудо шуда, ҳамон ҷо сахт мегардад. Ин ҷисми сахтшуда иборат аз ишхор аст. Баъд ба кор мебаранд.

Мизоҷи ишлон дар дараҷаи саввум гарм ва дар
охири дараҷаи дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин дарунро аз чизҳои ғайри пок мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд, ҳайзи занҳо ва пешобро башиддат меронад, фузлаҳои ғализ, яъне моддаҳои нодаркори дар бадани инсон ғафсгаштаро таҳлил медиҳад. Агар 10,5 грамм аз гиёҳи сабзи он бихӯранд, зардобро бо воситаи саргин аз бадан дафъ мекунад, бинобар чунин хислаташ иллати истиско (водянка)-ро шифо мебахшад. (Дар омади гап боз як намуди зардоби баданро бифаҳмонем, ки агар он бисёр ҷамъ шавад, мӯи сар хоҳ дар мардон ва хоҳ дар занон тамоман мерезад ва ранги рӯ зардоб барии баднамо мегардад). 3,5 грамм аз сабзаш он бихӯранд, ҳайзи бандшударо равон мегардонад; 2 граммашро бихӯранд, пешобро меронад; 17,5 граммашро бихӯранд, бачаи зинда ва мурдаро аз шиками зани ҳомила меафтонад. Ва 35 граммаш кушанда аст.

Агар онро кӯфта, ба захмҳо бимоланд, гӯшти зоиди онҳоро мехӯрад. Агар ба дандон бимоланд, дандонро аз чирк пок мегардонад, вале агар аз ҳад зиёд моланд, сири дандонро мехӯрад. Дар ин ҳолат мағзи тухми кадуро бихӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад. Ҳангоми хӯрдан агар ба гурда зиён кунад, бояд асал бихӯранд, ки ин ислоҳкунандаи зарари он аст.

Мо дар боло ишхор маҳсули ишлон сӯхта гуфтем.
Беҳтарини ишхор он аст, ки ҳангоми сӯхтани ишлон дар зери он чуқурие, ки ишлонро месӯзанд, зарфи сафол гузошта бошанд, то ки рутубати ишхор дар он

пешина
аз 702
навбатӣ