Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

низ чун 7 граммашро кӯфта, дар 150 грамм об ҷӯшонида ва солида соф карда, 35 грамм шакари сурх дар он дохил намуда, дар вақти хоб бинӯшанд, пиронро бисёр мувофиқ аст.

Аз ин панироб низ тайёр мекунанд. Зарпечакро дар халтача баста, дар шираи он андозанд ва ё ба ҳадде дар он бимоланд, ки қувваташ ба он барояд — ҳамин об панироби он аст. Панироби инро бинӯшанд ва аз болояш ширини муносиб биёшоманд, барои иллатҳои молихулиё (меланхолия), тарсончакӣ, яъне ваҳшоният, дилтапак (дилбозӣ), махав, кӯтур, хориш ва аксари бемориҳои савдовӣ доруи хубе мебошад.

Шираи онро бо обе, ки анҷир як шабонарӯз тар карда шуда бошад, бо қанди сафед ё бо асал бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, овозро соф мекунад, назлаҳоро пазонида, барои хориҷ шудан муҳайё месозад ва аксари иллатҳои сардмизоҷи даруни синаро дафъ мекунад, боҳро қувват мебахшад, маниро зиёда мегардонад, ранги рухсорро неку мекунад ва бодҳои даруниро дафъ менамояд. Агар ба ошҳои аз мош ва нахӯд пухташаванда инро дохил намоянду пухта бихӯранд, балғами хом ва ахлоти сӯхтаро мепазонад ва бо воситаи исҳол дафъ мегардонад.

35 грамм шираи онро бо қанди сафед ё бо асал бинӯшанд, истискои (водянкаи) обӣ ва гӯштиро даво мешавад.

Мағзи бепӯсти тухмашро низ бо қанди сафед ё бо асал бихӯранд, кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад.

Тухми маҳсар хислате дорад, ки шири рақикро шах мегардонад ва шири шахшударо мегудозад. Бинобар ин тухми инро аз болои шир хӯрдан ҷоиз нест.

Хӯрдани тухми маҳсар ба меъда зарар дорад. Дар ҳолати зарар карданаш чизҳои ширин бояд хӯрд, ки ислоҳи зарар намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми маҳсар дар як рӯз аз 17,5 то 35 грамм аст. Аз ин зиёдаш зарарнок аст ва хӯрданаш ҷоиз нест.

Агар инро бо шир хӯрдани шаванд, дар таносуби 300 грамм шир 35 грамм тухми маҳсар дохил намоянду 150 грамми онро дар як рӯз биёшоманд, ки амал мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ