Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Маҳсар

Ин гули гиёҳи маълум аст, ки гулаш пӯпакшакли риштавор аз миёни куббаҳои хорнок, монанди риштаҳои заъфарон беруномада мебошад. Ин ҳам боғӣ мешавад ва ҳам саҳроӣ.

Мизоҷи гули даштиаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст, вале мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғализи даруни баданро пазонида, барои дафъ шуданаш тайёр месозад ва агар гузошта банданд, решҳоро мепазонад ва ё агар ба варам гузошта банданд, онро пас мегардонад. Хӯрданаш хоб меоварад, ба ҷигар қувват мебахшад, хуни шахшударо якбора мегудозад.

Инро кӯфта, бар кафи дасту поҳо гузошта банданд, дамидани обила (нағзак)-ро дар онҳо кам мегардонад ва агар пеш аз баромадани обила гузошта банданд, ҷараёни бемории онро сабук мегузаронад. Агар инро бо асал сиришта бимоланд, доғҳои сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва агар инро ба даруни даҳан бимоланд, пухтан ва ҷӯшиши даҳани тифлонро ба ибро меоварад. Бо асал сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро дафъ менамояд; бо ҷуғрот хамир карда, ба зери шикам гузошта банданд, пешоби бандшударо мекушояд. Бо сирко сиришта бимоланд, хориши бадан, варамҳои гарм ва сурҳбодро нест мекунад, аз рӯ бар ҷигар бимоланд, варами ин узвро таҳлил медиҳад.

Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба меъда зарар мекунад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд ё ҳанғоми истеъмолаш бо асал якҷо бихӯранд, онро безиён мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гули маҳсар дар як рӯз 4,5 грамм аст. Агар гули маҳсарро бо гӯшт бипазанд, барои зуд пухтан ва муҳарро гаштани он мадад мерасонад, инчунин гӯштро лазиз мегардонад.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, аҳлоти сӯхта ва балғами рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ менамояд, бодҳоро пароканда мекунад.

Чун 17,5 грамми онро кӯфта, аз он шира кашида, он шираро бо қанди сафед ё бо асал бинӯшоманд ва

пешина
аз 702
навбатӣ