Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

ҳамон равғани зайтун парпарда тайёр мекунанд, яъне дар зарфи шиша равғани зайтун рехта, он равғанро аз баргҳои шибит пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Ранги баргҳо табдил ёбад, яъне бипарад, фишурда он баргҳоро дур мекунанду аз нав барги дигар меандозанд. Ҳамин тавр то се-чор маротиба баргро нав карда, баъд равғанро ҷудо намуда, дар зарфи шиша ё чинӣ нигоҳ медорад. Ҳамин равғани шибит ҳисоб меёбад.

Ин равғанро бимоланд, сахтҳои узвҳои баданро мулоим мекунад, баданро гарм мекунад ва барои мондагии узвҳо, варами дасту поҳо, дур кардани аъзошиканӣ, ларзи табҳо бағоят таъсирбахш ва фоиданок аст.

Мизоҷи тухмаш нисбат ба баргҳои он гармтар ва хушктар аст.

Агар онро дар таомҳо андохта биҳӯранд ва ё бо туршиҳо биҳӯранд, ҳолати бади меъдаро ислоҳ менамояд. Агар онро бо чизҳои турш турш карда, яъне даромехта, баъд аз таом биҳӯранд, сахт қай меоварад, ки барои пок гардонидани меъда аз чизҳои бегона тадбири хубест. Агар тухмашро низ бардавом биҳӯранд, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад: дилро беҷо мекунад, қуввати майнаро кам мегардонад, чашмро хира ва боҳро суст месозад, аз онро хӯрдан манӣ кам ва ҳатто хушк мегардад.

Тухмашро бисӯзанд, мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк мегардад. Агар онро ба асал сиришта биҳӯранд ё бо асал хамир карда гузошта банданд, бемориҳои мақъад ва иллати бавосирро шифо мебахшад. Ин сӯхтаи тухми онро ос карда, ба захм ва решҳои тар бипошанд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад ва барои захми закар давои аҷибе ва беҳамто мебошад.

Агар дарун сахт ва фуромаданаш душвор гардад, тухмашро кӯфта, бо асал бипазанд, то он ки ғафси хамиршакл гардад, баъд ба мақъад гузошта банданд, дарунро мулоим карда фуруд меоварад.

Миқдори як бор хӯрдан аз шибити сабз дар як рӯз то 25 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз тараш то 50 грамм андозанд ва аз хушкаш то 25 грамм. Агар тухмашро хӯрданӣ бошанд, меъёри ин то 10,5 грамм аст.

пешина
аз 702
навбатӣ