Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ки дар натиҷаи зиёд гаштани балғам дар меъда ё аз пурии таом дар он ба судур омада бошад, сокин мекунад.
Гӯшти бӯгирифтаро бо шибит бипазанд. Бӯй ва моддаҳои вайронгаштаи онро дур мекунад ва барои зудтар пухтанаш ёрӣ медиҳад ва баъд он гӯшт зудҳазм мегардад.
Шибитро кӯфта, бо асал то кивом шуданаш бипазанд ва онро аз рӯ ба меъда бимоланд, ба осонӣ исҳол меоварад.
Ҳар як қисми шибитро сӯхта, хокистари онро ба захмҳои гуногун бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва инак шифо мебахшад.
Баргҳои шибитро дар об ҷӯшонида, дар об занҳо то ноф даромада нишинанд ё тухмашро бардавом бихӯранд, ҳамаи беморӣ ва иллатҳои бачадонро дафъ мекунад; бодҳои гурда, ҳичак ва хояҳоро пароканда месозад. Оби шибитро, ки аз кӯфтаи тари он гирифта бошанд, нимгарм дар гӯш чаконанд, барси бемориҳои гӯш даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёртар бихӯранд, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст; шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Ва агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд бардавом бинӯшанд, майна, чашм, меъда, ҳичак ва гурдаро зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад, инчунин маниро кам ва хушк мегардонад. Инчунин худи шибитро бисьёр бихӯранд, низ ба узвҳои мазкур сустӣ меоварад. Дар ин ҳолат барои дафъи зарараш оби лиму, сиканҷабин, оби ғӯраи ангур ва туршиҳои дигар меошоманд, агар ба гарммизоҷон зарар карда бошад ва агар ба хунукмизоҷон зиён карда бошад, кӯфтаи қаранфули гардан, дорчинӣ ва асал бояд бихӯранд.
Агар ёфтани гиёҳи шибит душвор гардад, ба ҷояш тухмашро истеъмол кунанд, раво мебошад.
Аз шибит равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби барги тарашро як миқдор ситонида дар зарфе аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд ба ҳадде, ки обиш бухор шуда раваду равған бимонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған насӯзад, яъне доғ нагардад. Ё ки баргашро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор