Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

варамҳои напазанда гузошта банданд, онҳоро мепазо-над. Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо би-хӯранд, низ варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепа-зонанд; ҳамаи гиреҳҳои дар узвҳои бадан пайдошударо мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад; инчунин ҳангоми заҳролуд гаштани бадан хоҳ аз хӯроки мурдор заҳролуд шавад, хоҳ чопварони заҳрнок бигазанд — ба ҳамааш шифо мебахшад; дарди рӯдаҳо ва дигар дард-ҳоеро, ки дар ҷоҳои дигари бадан пайдо шаванд, тас-кин медиҳад.

Агар инро бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон меку-над ва барои иллатҳои гуногуни дамкӯтаҳӣ давон ху-бест; ҳиққак, яъне ҳикиҷокро, ки дар натиҷаи пурии меъда содир шуда бошад, таскин медиҳад; сустии меъ-да, ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад. (Зимнан аз ин огоҳ кунем, ки агар меъда ва ҷигар суст бошанд, со-ҳибаш ба корҳои сахт намешояд, хӯрок ҳазм наме-ёбад, вале агар сипурз суст шавад, иштиҳо тамоман баста мегардад).

Ҳар рӯз 50 грамм тари онро дар об 5—6 дақиқа ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, интиҳояш дар рӯзи панҷум ё шашум сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда, бо воситаи пешоб мерезонад. Инчунин хӯрдани шибит хоҳ хушк бошад ва хоҳ тар, иллатҳои кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст ва инро дар тибби ҳозира колит меноманд, шифо мебахшад; таом дар меъда вайрон шуда бошад, ислоҳ мекунад. Ҳар як қисми инро, яъне хоҳ тухмаш, хоҳ баргаш ё пояашро бо баргҳояш бихӯранд. Бемориҳоеро, ки аз зиёд гаштани моддаи балғам дар узвҳои дарунии сина ё дар меъда ба судур расида бошанд, ба ибро меоварад. Инчунин бемориҳои олати таносулро шифо мебахшад. Агар инро бо асал якҷо бихӯранд, зарари ҳамаи заҳрхоро аз бадан дафъ мекунад ва бо воситаи кай дафъ намудан мадад мерасонад, инчунин ахлоти ғализро аз меъда хориҷ месозад. Низ хоҳ тарашро ва хоҳ хушкашро ва ё тухмашро дар об 10 дақиқа ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бодҳоро аз ҳама узвҳои бадан пароканда менамояд ва агар он бодҳо ғализ гашта ҷой гирифта бошанд, низ таҳлил медиҳад; дардҳои пушт, гурда ва ҳиҷакро таскин медиҳад, пешобро меронад, дарди рӯдаҳоро хомӯш месозад; агар аз бисёр истодани таом дар меъда ва ҷӯшидани он дар ин узв дил беҳузур (беҷо) мешуда бошад, қатъ мегардонад; ҳиқкакеро,

пешина
аз 702
навбатӣ