Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шудааст, зиёдтар аст. Зеро рутубати қувватбахши он дар зери хамир маҳфуз мемонад.

Ҳамаи қисмҳои шалғам хусусияти тарёкӣ дорад яъне ба одамони заҳролудшудагон ва ба онон, ки ҷонварони заҳрнок газида бошанд, шифо мебахшад.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар
якум тар аст.

Тухмаш дар бобати афзудани қуввати пушти камар қавитар мебошад. Агар инро то бӯяш баромадан бирёнд намоянд, дар ин феъл боз ҳам пуркувваттар мегардад; хӯрданаш иштиҳо меоварад, хислати тарёкӣ дорад. Ин дар ҳама ҷиҳат қавитар аз худи шалғам мебошад, вале бинобар гармиИ баланд доштани мизоҷаш дар одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад ва бодангез аст. Дар ҳолати ин навъ зарар карданаш сиканҷабин, туршиҳо, гулканд ва шакар бихӯранд, зарари расонидаашро ислоҳ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми шалғам дар як
рӯз 7 грамм аст.

Аз тухми шалғам равған ҳам мегиранд ба ин тариқ. Тухми онро чӣ қадар, ки хоҳанд, бигиранду нағз бикӯбанд. Баъд онро дар об андохта биҷӯшонанд. Ҳангоми ҷӯшидани об равған аз тухм ҷудо шуда, рӯи об бармеояд. Онро бо қошуқ оҳиста бармедоранд. Хӯрдани равғани тухми шалғам бодҳои аъзоро таҳлил медиҳад, мондагиро дафъ мекунад ва агар олати таносул суст бошад, ба он бимоланд, онро пуркувват ва мустаҳкам мегардонад.

  1. Шибит

Ин растании хӯрдани, ки боғӣ мебошад, дар халқи мо маълум аст. Инро ба забони русӣ укроп мегӯянд.
Аз сабзаҳои мӯътабартарин ва боқадр ҳисоб меёбад.
Агар инро дар соя хушк кунанд, қувваташ то ду сол боқӣ мемонад ва баъд аз он бекора мегардад.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали дуввум хушк аст. Тару тозаи он дар охири дараҷаи якум гарм ва хушки он дар аввали дараҷаи якум гарм низ гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: агар тари онро кӯфта,
ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад
ва мепазонад, ва агар бо равғани зайтун сиришта, ба

пешина
аз 702
навбатӣ