Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар охири дараҷаи якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: беҳрешан онро, яъне қисми зеризаминиашро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо пурқувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро қавӣ мегардонад, ба таом иштиҳо меоварад, қуввати мардиро бармеангезад, маниро зиёда мекунад, сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда, бо воситаи пешоб мересонад, худи пешобро низ меронад.
Баргҳои нозуки онро пухта бихӯранд, агарчи душворҳазм аст, вале дар амали рондани пешоб қавитар аз қисми заминиаш мебошад, инчунин шикамро пурпод мекунад. Ин хислати бади он бо воситаи истеъмоли мурч, зира ва шириниҳо ислоҳ карда мешавад.
Решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубест. Ва агар он решаҳоро дар об пухта, лат карда, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.
Ҳар як қисми растании шалғамро дар об ҷӯшонида, он обро бимоланд, чоҳои аз таъсири сардӣ кафидан баданро сиҳат мебахшад; агар ин обро ба панҷаҳои дасту поҳо бимоланд, иллати никрисро, яъне дард ва варами буғумҳои ин аъзоро дафъ мекунад ва хоришеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро ҳодис шуда бошад, таскин медиҳад. Инчунин барг, қисми зеризаминӣ ва тухми онро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, барои иллатҳои номбаршуда дармон мешавад.
Шалғамро дар сирко парварда, яъне як шабона рӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, рутубати ғализи баданро рақиқ, яъне суюк мегардонад ва ҳамаи узвҳои даруни сина ва даруни шикамро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад ва ҳангоми хӯрдан боднокиаш барҳам мехӯрад. Хусусан агар бо чизҳои тезмаза, яъне бо ҳардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд карда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои ғайрӣ пок месозад.
Шалғамро дар мағзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, қуввати пазонандагиаш кам ва оруговар мегардад, вале хислати ба ҳаракат овардани қуввати боҳ, яъне иқтидори пушти камар, ки қуввати мардӣ мебошад, назар ба он, ки дар сирко парварда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор