Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дар сирко тар карда, баъд кӯфта, каф зада бихӯранд, низ хислатҳои боло номбаршударо дорад.
Агар ин тухмро кӯфта гузошта бабанд, дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, зуд таскин медиҳад. Инро кӯфта, бо майи пухтагӣ бихӯранд, манӣ тавлид мекунад, кирмҳои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки онҳо дигар пайдо шаванд. Агар инро бо асал ва равғани зайтун даромехта бихӯранд, ҷӯшишҳои дар пӯсти бадан ба амаломадаро шифо мебахшад, реши балтаринро, ки нори форсӣ меноманд, инчунин монандӣ ин решҳоро дафъ менамояд.
Дар омади гап бифаҳмонем, ки майи пухтагӣ он аст, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд дар зарфе нигоҳ медоранд то он, ки худ ба худ ба ҷӯш ояд, яъне май гардад — ҳамин майи пухтагӣ ном дорад.
Тухми кашнизро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро, ки равон бошад, мебандад, яъне манъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми кашниз дар як рӯз аз 12,5 то 25 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба ҷояш тухми коҳуро метавон истифода намуд. Агар аз ин зиёд то 100 грамм аз худи кашниз ва оби онро ин миқдор биёшоманд, зарар дорад, яъне фаромӯшхотир мекунад, зеҳнро кунд мегардонад, иллатҳои хоболудӣ ва сиёҳзании чашмро пайдо мекунад, овозро мегирад, маниро кам мегардонад, пушти камарро суст месозад, олати мардиро аз ҳаракат бозмедорад, ҳайзи занҳоро низ кам мегардонад ва аз бадани ошоманда бӯи кашниз меояд. Илоҷи ҳамаи ин зарарҳояш: баъди он, ки қай мекунанд ва дарунро меронанд, зардаи тухми мурғи нимпухтаро бо мурчу намак ва шӯрбои мурғи фарбеҳ, ки бо нахӯду лӯбиё пухта бошанд, хӯрдан аст.
Инчунин кашниз ба одамоне, ки иллати дамкӯтаҳӣ ва зик-ун-нафас доранд, зиён мекунад. Инро бо хӯрдани тухми мурғи нимпухта, шарбатҳо ва сиркои биҳиро бо асал ё бо шакар ширин карда биёшоманд, ислоҳ мекунад.

  1. Шалғам

Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст, ки баргҳояш монандӣ баргҳои турб мебошанд. Қисми зеризаминияшро, яъне беҳрешаи онро пухта мехӯранд. Тухмаш сурхи тираранг аст.

пешина
аз 702
навбатӣ