Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
карда, ба ханозер (хукгардан) гузошта банданд, даво мешавад ва ҳамчунин варамҳои сахти бадфиолро низ таҳлил медиҳад. Агар ин кашнизи тари кӯфтаро бо орди боқило хамир карда гузошта банданд, низ ханозер ва ҳамин гуна варамҳоро дафъ мекунад.
Ду пора сурб (қӯрғошим)-ро бо оби кашниз ва равғани гулисурх ба якдигар бисоянд ва моддаеро, ки аз ин соиш ҳосил гардад, ба саратони решгашта ва ғайри решгашта батакрори амал бимоланд, онро дафъ мегардонанд, ки ин озмуда шудааст.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби кашниз дар як рӯз то 25 грамм аст ва аз худи кашниз миқдори хӯрданаш то 50 грамм мебошад.
Ба ҷои кашниз барги кӯкнор ва коҳуро истеъмол намоянд, равост.
Мизоҷи тухмаш то дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Тухми кашнизро кӯфта бихӯранд, ба дил фараҳ мебахшад, яъне табъро чок мекунад; дил ва мағзи сарро қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дилтапак (дилбозӣ) ва васвосро, ки сабабашон афзудани моддаҳои гарммизоҷ дар бадан бошад, рафъ мекунад, меъдаро қувват мебахшад, исҳолро мебандад, беихтиёр равон гаштани маниро ислоҳ мекунад ва захмҳои роҳҳои пешобро, ки сӯзок низ меноманд, шифо мебахшад.
Аз тухми кашниз шира кашида, он шираро ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, исҳоли хунин ва дигар намуд исҳолҳоро даво мешавад. Инчунин тухми кашнизро то бӯяш баромадан битафсонанд ва баъд бихӯранд, аз гармӣ тапидани дилро дафъ мекунад. Агар инро бо майи пухтагӣ бихӯранд, маниро пайдо мекунад, кирмҳои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки дигар бор дар меъда кирм пайдо шавад.
Тухми инро бихӯранд, бӯи шаробро аз даҳон дафъ мегардонад ва намегузорад, ки аз шароб нӯшидан ба зудӣ маст шаванд.
Аз тухми кашниз шарбат тайёр карда биёшоманд, иллатҳои сӯҳ задани чашм ва чарх задани сарро дафъ мекунад ва нӯшандаи ин шарбат аз майнӯшӣ маст намегардад. Ва агар ин тухмро як шабонарӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор