Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

гузошта бабанд, шилпуқии чашмро, ки аз он чашм обрав гашта, моддаҳои тези он мижаҳоро бирезонанд, низ дармон мешавад ва инчунин дарди чашмро ҳам сиҳат мекунад.

Оби кашнизро дар даҳан гардонанд, дард ва чӯшишҳои (пухтани) гуногуни даруни даҳанро дур мекунад ва дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад. Кашнизро бихоянд, бӯи шаробро аз нафас ва аз даҳан нест мегардонад ва суръати мастшавиро аз нӯшидани шароб паст менамояд.

Кашнизро нимкӯфта, ба дандон ва милкҳои он бимоланд, онҳоро мустаҳкам мекунад ва аз милки дандон рафтани хунро манъ менамояд.

Аз кашниз шароб тартиб дода, яъне оби онро бо шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, ё онро дар об ҷӯш дода, он обро бо қанд ширин сохта бинӯшанд, хоб меоварад, барои иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сар, инчунин барои маст нашудан аз шаробнӯшӣ даво мебошад; барои бемориҳои сурфа, зик-ун-нафас, ки ҳама аз гармиву тарӣ бошанд, инчунин барои иллати дилбозӣ (дилтапак) фоида дорад.

35 грамм оби онро бо шакар ширин карда биёшоманд, иштиҳоро мекушояд, хоб меоварад, иллати туҳамаро, яъне бемории ҳазм нашуда фуромадани ғизоро аз меъда, инчунин бо ҳамон ҳолат ба қай дафъ шудани онро шифо мебахшад.

Худи кашнизро хоҳ тар ва хоҳ хушк бихӯранд, хурӯши моддаи сафроро дар бадан, ки даҳанро талх ва касро беҳол мегардонад, таҳ менишинонад, тафси меъдаро таскин медиҳад, шиддати ташнагиро мешиканад, иллати қайкуниро қатъ мекунад, вале қуввати боҳро, яъне иқтидори пушти камарро суст мегардонад ва агар бардавом бихӯранд, он қувватро ҳатто барҳам медиҳад.

Кашнизро кӯфта гузошта бабанд, ба он ҷо аз мавзеи дигари бадан рехта шудан ва фуромадани моддаҳои гарммизоҷи зарарнокро манъ мекунад; ба варамҳои гуногун гузошта бабанд, онҳоро ба зудӣ таҳлил медиҳад; ба сурхбод гузошта бабанд, онро аз пӯсти бадан дар ҳар ҷое, ки бошад дафъ менамояд.
Агар инро бо нони кок якҷо кӯфта, ба решҳои даванда ва паҳншаванда, ба кӯтури пӯст ва хоришҳои бадан гузошта бабанд, ҳамаи ин иллатҳоро шифо мебахшад. Кашнизи тарро кӯфта, бо орди ҷав хамир

пешина
аз 702
навбатӣ